МАРДОНИ ШУҶОИ ВАТАН. Яке аз қаҳрамонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон корманди «Вокзали Душанбе» Александр Гордеев буд

Май 8, 2019 15:47

ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бахшида ба 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба  дар  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ,  солҳои 1941-1945 дар  боғи  корхонаи мазкур, ки он ҷо  ба хотири  қурбониёни ин ҷанг «Гулхани абадӣ» бунёд гардидааст, ҷамъомади фарҳангӣ- фароғатӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ  кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,  кормандони собиқи ин корхона,  ки  дар ақибгоҳ дар ин давра  кор кардаанд,  кормандоне, ки маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон),  садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил  мебошанд ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, инчунин  мураббиёну тарбиятгирандагони кӯдакистони  «Моҳтобак», ки дар тавозуни   корхонаи  мазкур мебошад, иштирок доштанд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар»  хабар медиҳад,  иштирокдорони ҷамъомади тантанавиро муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров бо ин ид  таҳният гуфта, аз ҷумла, иброз дошт, ки  ҳар сол  мардуми Тоҷикистон дар қатори  дигар халқу миллатҳои сулҳҷӯи ҷаҳон 9 майро ҳамчун Рӯзи Ғалаба бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.

«Мо бо пос доштани хотираи неки қурбониёни ин ҷанг на танҳо ба гузаштаи хеш арҷ мегузорем, балки ба  насли имрӯз меомӯзем, ки  ҷанг ин офат асту оқибатҳои даҳшатбору  гӯшношунид  дорад. Офате, ки  ба инсоният  танҳо  бадбахтӣ меорад. Оромиву осудагии имрӯзи  Ватани мо — Тоҷикистон  мояи зиндагии саодатмандонаи мост. Мо бояд,  ки ин сулҳу суботро   чун гавҳараки чашм  эҳтиёт кунем ва ба қадри он расем. Кӯшиш кунем, то  ояндагони мо   дар бораи оқибатҳои даҳшатбори ҷанг танҳо  аз китобҳои таърих воқиф шаванд»,-илова намуд У. Қаландаров.

Хамчунин дар назди иштирокдорони ҷамъомади тантанавӣ собиқадори ин соҳа Александр  Струнов,  ки дар  давраи ҷанг   дар ақибгоҳ ҳамчун мошинисти қатора  кор кардааст,    оид ба мушкилоти он замон қисса кард. Номбурда  нақл кард, ки  дар он шабу рӯзҳои вазнин намояндагони ҳалқияту миллатҳои гуногун  сарҷамъона барои расидан ба Рӯзи Ғалаба заҳмат мекашиданд. Ӯ   ғалабаро бар фашизм  самараи дӯстиву рафоқати  тамоми мардумони  ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар мардуми сулҳпарвари дунё  арзёбӣ намуд.

«Пеш аз ҳама,  ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ баён менамоям, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон ба мо аз ҷиҳати молиявӣ  кумак расонида,  барои барқарор намудани саломатии собиқадорону иштирокчиёни  ҶДҶ ва дигар нафарони ҳуқуқҳояшон ба  онҳо  баробаркардашуда  мунтазам ғамхорӣ зоҳир менамоянд», — афзуд А.Струнаев.

Раиси Иттифоқи касабаи роҳиоҳанчиёни ҷумҳурӣ Зикрулло Ҳомидов  зикр кард, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳми  намояндагони ин соҳа  зиёд аст ва яке аз онҳо Каҳрамони Иттифоқи Советӣ Александр Семёнович Гордеев мебошад.

«Александр Гордиев   аз Корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  ба ҷанг рафта,  бо ин унвони олӣ ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ солҳои тӯлонӣ   барои рушди  соҳаи роҳи оҳан   дар ҷумҳурӣ нақши намоён гузоштааст. Номбурда солҳои зиёд ба ҳайси    ҷонишини сардори «Вокзали  Душанбе» ва сардори қатораи мусофирбарӣ фаъолият намудааст. Мо хотираи ин марди ҷасуру меҳнатқаринро ҳамеша пос медорем», -афзуд З. Ҳомидов.

Ҳамчунин дигар иштирокдорони ҷамъомад зикр намуданд, ки дар солҳои ҷанг аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар ба фронт рафта, 92 ҳазори онҳо дар ин ҷанг шаҳид шуданд. 56 ҳазор нафар далерони майдони ҷанг бо ордену медалҳо мукофотонида шуда, 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо се ордени Шараф мушарраф гардиданд. Солҳои ҷанг дар дармонгоҳҳои ҳарбӣ ва бемористонҳои  Тоҷикистон  беш аз 28 ҳазор нафар маҷрӯҳон табобат гирифта, 25 ҳазор нафар  сарбозон шифо ёфта, ба фронт баргаштанд.

Сипас тарбиятгирандагони кӯдакистони «Заврақ»  бо иҷрои рақсу таронаҳои  ҷаззоб дар васфи корнамоиҳои далерони майдони ҷанг хотири иштирокдорони ҷамъомадро болида гардониданд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба  92 нафар иштирокчӣ, собиқадорони ҷанг ва нафарони ба онҳо баробаркардашуда кумаки молӣ ва бастаи номгӯи гуногуни хӯрокӣ тақдим гардид.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Май 8, 2019 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус