Милитсияи Душанбе бо политсияи Чин табодули таҷриба мекунанд

Май 13, 2019 08:30

ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  10 май дар доираи ташрифи ҳайати расмии намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкин ба шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-плаза» мулоқоти сатҳи баланди роҳбарон ва ҳайатҳои расмии дуҷонибаи Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чинро сардори Демартаменти мазкур Сун Тсзянюй ва ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Шариф Назарзода роҳбарӣ намуданд.

Дар мулоқоти корӣ масъалаи ҳамкории дуҷониба байни мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе ва политсияи шаҳри Нанкин дар самтҳои ба роҳ мондани омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар оид ба ҳамкорӣ ва робитаи мақомоти милитсия бо мардум, ташкили робитаҳои фарҳангӣ байни мақомоти ду кишвар, табодули таҷриба оид ба мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккилона, дорои раванди террористиву экстримистӣ, ҳамкорӣ дар самти ҷиноятҳои киберӣ, бозомӯзии кормандони милитсия, дар марказҳои таълимии политсияи шаҳри Нанкин ба семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шудани кормандони милитсияи пойтахт ва дигар масъалаҳои вобаста ба танзими фаъолияти бонизоми милитсия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷоми гуфтушунид ва мулоқоти корӣ таъкид карда шуд, ки аз ин пас давоми ҳар сол мулоқот ва сафарҳои расмию кории ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар кишварҳои ҳамдигар ба роҳ монда шуда, таҷрибаи пешқадам дар самти коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ба роҳ монда мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи гуфтушунид ва Протоколи қаблан зимни сафари ҳайати расмии милитсияи шаҳри Душанбе ба шаҳри Нанкин баимзорасида масъалаи расонидани ёрии техникӣ аз ҷониби Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су ба милитсияи шаҳри Душанбе баррасӣ гардида буд.

Вобаста ба ин дар доираи сафари ҳайати мазкур ба шаҳри Душанбе ёрии техникӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 млн сомонӣ аз ҷониби политсияи шаҳри Нанкин ба милитсияи шаҳри Душанбе оварда шуд, ки дар анҷоми мулоқот маросими имзои Санади дуҷониба оид ба қабул ва супоридани ёрии техникӣ байни сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Нанкини музофоти Тсзян Су Сун Тсзянюй ва сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода баргузор гардид.

Май 13, 2019 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид
Маҷаллаи «Diplomatic Society» Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Дурнамои ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Давлати Кувайт иштирок доранд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Фаронса-Осиёи Марказии Сенати Фаронса мулоқот намуд
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуд
Соли 2025 дар самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон 128 санади байналмилалӣ ба имзо расид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ду санади таърихӣ ба имзо расид
Консули генералии Тоҷикистон бо губернатори вилояти Новосибирск мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт