«Мо насли хушбахти замон».Таҳти ин унвон дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии наврасон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 24.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар пойтахт аз 29 май то 1 июни соли равон Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» доир мегардад.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар бораи баргузории фестивали мазкур қарори дахлдори Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» иштироки зиёда аз 200 нафар наврасон аз тамоми ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
«Иштирокчиёни фестивал аз маконҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе дидан намуда, дар бозиҳои варзишӣ аз қабили, футбол, волебол, баскетбол, шоҳмот, шашка ва ғайра ширкат меварзанд», — иттилоъ дод манбаъ.
Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намудааст, ки барои дар сатҳи баланд доир намудани фестивали мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад






