Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо директори минтақавии Фонди нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд

Май 31, 2019 16:21

ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо  директори минтақавии Фонди нуфузи аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) Аланна Армитаҷ мулоқот анҷом дод.

Дар ин бора котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

«Хайриниссо Юсуфӣ зикр намуд, ки мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Созмони Шумо ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад», — афзуд манбаъ.

Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо Фонди нуфузи аҳолии СММ  дар доираи татбиқи як қатор барномаҳои гуногунсамт, аз ҷумла ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстонаи созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустӣ, ислоҳоти соҳаи мазкур, таҳкими саломатии модару кӯдак, инчунин омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ба роҳ мондааст.

Бояд гуфт, ки барои амалӣ намудани барномаҳои зикршуда намояндагии Фонди мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ дар самти таъмини баробарии гендериро таъкид намуда, гуфтанд, ки аз солҳои аввали истиқлолият мушкилии беҳбуди шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Хайринисо Юсуфӣ ва Аланна Армитаҷ  ҳавасмандии худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ иброз доштанд.

Май 31, 2019 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд