ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон ҳарорат ба 30 дараҷа мерасад

Май 4, 2019 09:08

ДУШАНБЕ, 04.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабри тағйирёбанда ва бебориш  шуда, ҳарорат  дар баъзе ноҳияҳо ба 24-28 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 2-7 ва  рӯзона 16-21  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона  5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона  5-10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабри тағйирёбанда шуда,  шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 10-15  ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва  рӯзона  14-19  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри  бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 26-31 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7-12  ва   рӯзона 20-26 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11 ва рўзона 24-29  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона 3-8 ва  рўзона 19-24  дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар  шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  шабона 6-8 ва рӯзона 26-28  дараҷа гарм мешавад.

Май 4, 2019 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон нахустин бозиҳои мусобиқаи кӯдаконаи футбол баргузор шуданд
НАҚЛИЁТИ «САБЗ». Ба Тоҷикистон 6047 мошини барқӣ ворид карда шудааст
Кӯчати мағзи устухон дар ҳолати саратони хун ва бемориҳои гематологӣ дар шабакаи клиникаҳои «Acıbadem»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Барои барқарор намудани чарогоҳҳои водии Рашт 20 намуди тухмиҳои бутта ва дарахтон парвариш карда мешаванд
Дар Ҳисор маҳфил – озмуни «Тоҷикистони ман!» оғоз гардид
Имсол дар Хатлон қариб 500 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ карда мешавад
Дар шаҳраки Обшорони ноҳияи Мастчоҳ татбиқи лоиҳаи обрасонӣ оғоз ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
ҲАФТАИ ИЛМ – 2025. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз муҳимтарин дастовардҳо натиҷагирӣ намуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ дурнамои кишти чигит сари вақт иҷро мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад