ОФАРИН «СОРО КОМПАНИЯ»! Бозигарони ин даста Ҷоми мусобиқаи байналмилалӣ ва 2 000 000 тангаи қазоқиро ба Душанбе оварданд
ДУШАНБЕ, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон оид ба футзал дастаи «Соро компания» дар мусобиқаи 7-уми байналмилалӣ барои ҷоизаи КБ «Олимп» ва гиромидошти хотири Адилбек Жауиров дар шаҳри Атирауи Қазоқистон аз 1 то 5 май иштирок карда, ғолиб омад ва бо ҷом ва ҷоизаи молиявӣ ба маблағи 2 миллион тангаи қазоқӣ (5 240 доллари амрикоӣ) сарфароз гардид.
Дар бозиҳои гурӯҳӣ футзалистони «Соро компания» бар «Атирау» (Атирау)-7:0, «Окжетпес»(Кокшетау)-5:1 ва «Оралск» (Урал) – 4:1 пирӯз гардида, ба вохӯрии нимниҳоӣ баромаданд ва бо дастаи «Умирзак» (Атирау) қувва санҷиданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи 2:2 ба анҷом расид. Дар задани силсилаи зарбаҳои баъдибозӣ тоҷикистониён бо нишондоди 8:7 дастболо гардида, ба финал баромаданд. Дар бозиии ниҳоӣ «Инта»-Актау ба фишори бозингарони тоҷик тоб наоварда, бо натиҷаи 4:2 шикаст хӯрд ва «Соро компания» ғолиби мусобиқа дониста шуд.
Ёдрас мешавем, ки КФ «Соро компания» дар мавсими футзали 2018-и Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бори аввал унвони чемпиониро ба даст овард. Даста акнун аз 8 то 18 августи соли равон дар Чемпионати 10-уми Осиё байни клубҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ширкат менамояд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






