Ҷоми КФО: дастаи «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» мусовӣ бозӣ кард
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар доираи даври сеюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бо «Алтин Асир»-и Туркманистон қувва санҷида, бозиро бо натиҷаи 0:0 ба анҷом расонд. Аловиддин БӮРИЕВ шарҳ медиҳад.
Бозӣ дар нимаи аввал бо бартарии меҳмонон-дастаи «Алтин Асир» сурат гирифт. Аммо сармураббии дастаи «Хуҷанд» Виталий Левченко баъди иваз кардани бозингарон дар нимаи дуввум ба бозии футболбозони соҳили Сир тозагӣ ворид карда, тарҳи онро иваз намуд ва футболбозони «Хуҷанд» лаҳзаҳои хуби голзаниро ба вуҷуд оварданд. Сараввал Ҷаҳонгир Эргашев, баъдан Дилшод Бозоров ва Фирдавс Чақалов вазъиятҳои мусоиди тӯбзаниро истифода набурданд.
Дар ин вохӯрӣ ҳунарнамоии хуби дарвозабони «Хуҷанд» -Давид Купатадзе ба назар расид. Ӯ дар ҳама лаҳзаҳо беҳтар аз ҳуҷумкунандагони меҳмонон буд. Шояд маҳорати ин дарвозабон буд, ки сармураббии дастаи «Алтин Асир» бозингари беҳтарини хати пеши дастаи худ-Салим Нурмуродов (муаллифи гол ба дарвозаи «Истиқлол» дар даври 2-юм) –ро иваз кард.
Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати футболбозони «Хуҷанд» дар баробари яке аз беҳтарин дастаҳои гурӯҳи «Д» –«Алтин Асир» натиҷаи мусовии 0:0 ба даст омад ва футболбозони вилояти Суғд соҳиби 4 имтиёз гардиданд.
Акнун «Хуҷанд» дар даври чорум ба бозии баргашти худ, ки 15 май доир хоҳад шуд, ба Туркманистон меравад. Дар ҷои дуввум боқӣ монадани дастаи «Хуҷанд» аз натиҷаи бозии байни дастаҳои Истиқлол» ва «Дордой» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вобастагӣ дорад.
Ҷоми КФО-2019
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 3-юм
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:0
«Хуҷанд» : Давид Купатадзе, Асилҷон Бегимқулов, Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Ахмедов, Торнике Ҷимшелеишвили, Бахтиёр Чориев, Ойбек Абдуғаффоров, Комрони Мирзонажод, Дилшод Восиев (Дилшод Бозоров, 51), Ҷаҳонгир Эргашев, Турсуналӣ Рустамов (Фирдавс Чақалов, 72).
«Алтин Асир»: Маммет Оразмухаммедов, Зафар Бобҷонов, Мекан Сапаров, Алтимурад Аннадурдиев, Салим Нурмуродов (Бегмурат Байов, 75), Мурат Якшиев, Мекан Аширов (Мурат Аннаев, 64), Гурбангелди Батиров (Аннасахет Аннасахедов, 57), Бахтиёр Гургенов, Велмурат Баллаков, Сердар Гелдиев.
Огоҳӣ: Асилҷон Бегимқулов («Хуҷанд»), Зафар Бобоҷонов, Велмурат Баллаков.
Бозингари беҳтарин: Маммет Оразмухаммедов («Алтин Асир»).
Довари майдон: Халид Солеҳ Алтурайс (Арабистони Саудӣ).
Нозири доварон: Ҳусайн Ғадофарӣ (Кувайт).
Комиссари бозӣ: Санджай Кумар (Ҳиндустон).
30 апрел. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон». 5200 тамошобин.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






