Ҷоми КФО: имрӯз «Истиқлол» бо «Дордой» ва «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» қувва месанҷанд
ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз чемпиони Тоҷикистон –«Истиқлол»-и Душанбе бо «Дордой» ва дастаи «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» дар сафар дар доираи даври чоруми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» бо ҳам қувва месанҷанд. Мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ гузориш медиҳад.
Пешсафи гурӯҳи «Д» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз сафар ба Қиғизистон дар даври шашуми Чемпионати мамлакат КМВА «Помир»-ро бо натиҷаи 4:1 мағлуб карда, мавқеашро дар зинаи аввал мустаҳкам кард. Даста бо табъи баланд бо «Дордой» вориди майдон мешавад. Аз тарафи дигар, дар даври гузаштаи бозиҳои Ҷоми КФО «Дордой» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе аз «Истиқлол» бо ҳисоби 4:1 шикаст хӯрд ва имконияти аз гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтанро аз даст дод.
Сармураббии дастаи «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ аз хуш истиқбол гирифтани даста аз ҷониби мизбонон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: «Ман ба бозингарон фаҳмонидам, ки ғалабаро бо ҳисоби калон дар бозии гузашта фаромӯш кунанд, зеро футболбозони «Дордой» маҳорати баланд доранд ва инро нодида гирифтан мумкин нест. Мақсади мо ғалаба карда, бо се имтиёз баргаштан аст»
Ин фикрро капитани дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев низ ҷонибдорӣ карда, омода будани аъзои дастаро ба ин вохӯрӣ баён намуд.
Александр Крестинин –сармураббии дастаи «Дордой» сабаби хуб бозӣ накардани дастаашро дар Ҷоми КФО аз иштироки бомуваффақияти дастаи мунтахаби Қирғизистон дар Чемпионати Осиё-2019 мебинад. Ӯ изҳор дошт, ки баъди бохт дар шаҳри Душанбе аз «Истиқлол» дар ҳайати даста тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст ва онҳо кӯшиш мекунанд дар назди мухлисонашон бозии хубу зебо нишон дода, ба аввалин ғалаба ноил шаванд.
«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар ин давр бо «Алтин Асир» қувва месанҷад. «Хуҷанд» пеш аз сафар ба Туркманистон дар даври шашуми ҶТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ «Панҷшер»-ро мағлуб карда натавонист ва дастаҳо натиҷаи мусовиро соҳиб шуданд. Аз тарафи дигар, бозии рафти «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи баробар ҷамъбаст гардид. То ҳол футболбозони туркман ягон ғалаба ва ягон бохт надоранд ва се вохӯриро бо мусовӣ анҷом дода, се хол ба даст овардаанд. Онҳо дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.
Сармураббии дастаи «Хуҷанд» Виталий Левченко умед дорад, ки дар ин вохӯрӣ дастпарваронаш бозии ҷолиб нишон дода, сазовори хол хоҳанд шуд. «Мо ба ин бозӣ тайёрии хуб дидаем, ҳарчанд «Алтин Асир» яке аз дастаҳои беҳтарини гурӯҳ ба ҳисоб меравад, кӯшиш мекунем, ки бо натиҷаи қаноатбахш ба хона баргардем»-афзудааст Виталий Левченко.
Бозингари дастаи «Хуҷанд» Ойбек Абдуғаффоров дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ кӯтоҳ гуфтааст: «Мо ба Ашқобод барои тамошо наомадаем, балки барои ғалаба ҳозир шудаем».
Мо ба дастаҳои Тоҷикистон комёбӣ таманно мекунем.
Бозиҳои имрӯзаро телевизиони «Варзиш» ва «Футбол» мустақиман намоиш медиҳанд.









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






