Ҷоми КФО: имрӯз «Истиқлол» бо «Дордой» ва «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» қувва месанҷанд

Май 15, 2019 10:02

ДУШАНБЕ, 15.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз чемпиони Тоҷикистон –«Истиқлол»-и Душанбе   бо «Дордой» ва дастаи «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» дар сафар дар доираи даври чоруми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» бо ҳам қувва месанҷанд. Мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ гузориш медиҳад.

Пешсафи гурӯҳи «Д» дастаи «Истиқлол»-и Душанбе пеш аз сафар ба Қиғизистон дар даври шашуми Чемпионати мамлакат КМВА «Помир»-ро бо натиҷаи 4:1 мағлуб карда, мавқеашро дар зинаи аввал мустаҳкам кард. Даста бо табъи баланд бо «Дордой» вориди майдон мешавад. Аз тарафи дигар, дар даври гузаштаи бозиҳои Ҷоми КФО  «Дордой» дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе аз «Истиқлол» бо ҳисоби 4:1 шикаст хӯрд ва имконияти аз гурӯҳ ба бозиҳои минбаъда роҳхат гирифтанро аз даст дод.

Сармураббии дастаи «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ аз хуш истиқбол гирифтани даста аз ҷониби мизбонон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт: «Ман ба бозингарон фаҳмонидам, ки ғалабаро бо ҳисоби калон дар бозии гузашта фаромӯш кунанд, зеро футболбозони «Дордой» маҳорати баланд доранд ва инро нодида гирифтан мумкин нест. Мақсади мо ғалаба карда, бо се имтиёз баргаштан аст»

Ин фикрро капитани дастаи «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев низ ҷонибдорӣ карда, омода будани аъзои дастаро ба ин вохӯрӣ баён намуд.

Александр Крестинин –сармураббии дастаи «Дордой» сабаби хуб бозӣ накардани дастаашро дар Ҷоми КФО аз иштироки бомуваффақияти дастаи мунтахаби Қирғизистон дар Чемпионати Осиё-2019 мебинад. Ӯ изҳор дошт, ки баъди бохт дар шаҳри Душанбе аз «Истиқлол» дар ҳайати даста тағйироти куллӣ ба вуҷуд омадааст ва онҳо кӯшиш мекунанд дар назди мухлисонашон бозии хубу зебо нишон дода, ба аввалин ғалаба ноил шаванд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар ин давр бо «Алтин Асир» қувва месанҷад. «Хуҷанд» пеш аз сафар ба Туркманистон дар даври шашуми ҶТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ «Панҷшер»-ро мағлуб карда натавонист ва дастаҳо натиҷаи мусовиро соҳиб шуданд. Аз тарафи дигар, бозии рафти «Хуҷанд» бо «Алтин Асир» дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи баробар  ҷамъбаст гардид. То ҳол футболбозони туркман ягон ғалаба ва ягон бохт надоранд ва се вохӯриро бо мусовӣ анҷом дода, се хол ба даст овардаанд. Онҳо дар зинаи сеюм ҷойгир шудаанд.

Сармураббии дастаи «Хуҷанд» Виталий Левченко  умед дорад, ки  дар ин вохӯрӣ  дастпарваронаш бозии ҷолиб нишон дода, сазовори хол хоҳанд шуд. «Мо ба ин бозӣ тайёрии хуб дидаем, ҳарчанд «Алтин Асир» яке аз дастаҳои беҳтарини гурӯҳ ба ҳисоб меравад, кӯшиш мекунем, ки бо натиҷаи қаноатбахш ба хона баргардем»-афзудааст Виталий Левченко.

Бозингари дастаи «Хуҷанд» Ойбек Абдуғаффоров дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ кӯтоҳ гуфтааст: «Мо ба Ашқобод барои тамошо наомадаем, балки барои ғалаба ҳозир шудаем».

Мо ба дастаҳои Тоҷикистон комёбӣ таманно мекунем.

Бозиҳои имрӯзаро телевизиони «Варзиш» ва «Футбол» мустақиман намоиш медиҳанд.

Май 15, 2019 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг соҳиби медали нуқра гардид
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг медали тилло ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг ба финал роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҳақдод Гулов барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муллораҷаб Халифаев барои медали биринҷӣ мубориза мебарад
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Обид Ҷебов дар вазни -66 кг ба финали мусобиқа роҳ ёфт
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон барои ҷойҳои ифтихорӣ қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Саҳифаи наве дар таърихи варзиши Тоҷикистон
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Cитораҳои ҷудои дунё Тедди Ринер ва Шоҳей Оно ба Тоҷикистон омаданд