Ҷоми КФО: имрӯз «Истиқлол» ва «Дордой» дар Варзишгоҳи марказии ҷуҳуриявии Душанбе бо ҳам бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 01.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз чемпиони Тоҷикистон– дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар доираи даври сеюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе вориди майдон мешавад. Шарҳи мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин БӮРИЕВ дар ин бора пешкаш мегардад.
«Истиқлол» ва «Дордой» то ба имрӯз бо ҳам се бозӣ анҷом додаанд. Ҳанӯз соли 2012 як маротиба дар доираи бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Президенти Конфедератсияи футболи Осиё «Истиқлол» дар шаҳри Душанбе бо ҳисоби 2:0 «Дордой»-ро шикаст дод ва баъдан соли 2017 дар бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО бори дигар бо ҳамин натиҷа истиқлолиҳо «Дордой»-ро ноком карданд. Бозии ҷавобии дастаҳо дар Қирғизистон бо шикасти соҳибони майдон ва бо ҳисоби 1:4 ҷамъбаст шуд. Инак бори дигар имрӯз дастаҳо бо ҳам қувва месанҷанд.
Дар нишасти хабарӣ сармураббии дастаи «Дордой» Александр Крестинин, ки дастаи мунтахаби Қирғизистонро ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё-2019 бароварда буд, аз бохтҳои пешинаи даста наҳаросида, ҳадс зад, ки ин дафъа «Дордой» он дастаи пешина нест ва дар наздаш мақсади ба даври дигари бозиҳои Ҷоми КФО баромадан гузошта шудааст. “Футболбозон дигаранд ва мо ҳуқуқ надорем, ки дастаеро дар ин гурӯҳ беҳтарин шуморем. Ҳар кадоми мо вазифа гирифтаем, ки соҳиби ҷои аввал бошем”, –ҷамъбаст кард Кристинин.
Сармураббии дастаи «Истиқлол» Ҳаким Фузайлов дар бораи ин бозӣ изҳор намуд, ки «Дордой» баъди 5 имтиёзро аз даст додан дар ду бозии пешина мисли сайди тирхӯрдаест, ки бо тамоми қувва мехоҳад аз вазъият раҳо ёбад ва тамоми тадбирҳоро меандешад, ки ба ғалаба ноил шавад. Футболбозони мо инро дарк мекунанд ва танҳо барои ғолиб омадан ба майдон мебароянд. Вазъи саломатии бозингарон хуб аст. Бозии ниҳоят душвор моро интизор мебошад».
Капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев мухлисони тоҷикро барои дастгирӣ дар бозии имрӯза бо «Дордой», ки соати 19:00 оғоз меёбад, ба варзишгоҳ даъват намуд.
Ба ҳамин тартиб даври сеюми бозиҳо дар гурӯҳи «Д»-и Ҷоми КФО имрӯз бо вохӯрии дастаҳои «Истиқлол» ва «Дордой» ба анҷом мерасад. Роҳбарияти КФ «Истиқлол» барои мухлисон низ туҳфаи худро омода карда, аз рӯи рақамҳои билети даромад бозии лотереяро ташкил намудааст, ки мухлисони толеъбаланд сазовори ноутбук, планшет ва телефони муосир хоҳанд гашт.
Биёед имрӯз якҷоя чемпиони ҳафткаратаи Тоҷикистон –дастаи «Истиқлол»-ро дар варзишгоҳ дастгирӣ кунем.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






