Ҷоми КФО: «Истиқлол» «Дордой»-ро шикаст дод

Май 2, 2019 08:37

ДУШАНБЕ, 02.05.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Чемпиони Тоҷикистон –дастаи «Истиқлол»-и Душанбе   дар доираи даври сеюми бозиҳои Ҷоми КФО дар гурӯҳи «Д» шоми дирӯз  дастаи «Додой»-и Қирғизистонро бо натиҷаи 4:1 шикаст дод ва мавқеашро дар зинаи аввал мустаҳкам кард.  Шарҳи мухбири АМИТ «Ховар» Аловиддин   БӮРИЕВдар ин бора пешкаш мегардад.

Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо ҳузури 13 200 нафар тамошобин сурат гирифт. Бозӣ ниҳоят суръати баланд дошт.  Эҳсос мешуд, ки ду дастаи касбӣ бо ҳузури  футболбозони соҳибмалака дар муқобили ҳам бозӣ доранд.  Ин дафъа низ дастаи «Истиқлол» исбот кард, ки нисбат ба «Дордой» беҳтар аст. Дар дақиқаи 13-ум баъди Муҳаммадҷон Раҳимовро зада аз пой афтонидан  довари урдунии бозӣ -Муҳаммад Арфан ба дарвозаи меҳмонон ҷазои 11-метра таъйин кард. Онро Алишер Ҷалилов ба нишон расонд.

Ҳамлагари ҷавону умедбахши дастаи «Истиқлол» Шаҳром Самиев дар хати ҳуҷум хуб бозӣ мекарду ҳамчунин  ба муҳофизатгарон кумак мерасонд. Зарбаҳои сахташ Валерий Кашубаро дар ташвиш мегузоштанд. Дар дақиқаи 41–ум баъди аз пой зада, афтодани Шаҳром Самиев довар бори дигар ба нуқтаи 11-метра ишора кард ва ин навбат капитани «Истиқлол» Фатҳулло Фатҳуллоев оромона тӯбро ба дарвоза равон кард.

Кашуба дар ҳар ду маврид самти зарбаро пайхас кард, аммо ба тӯб расида натавонист. Нимаи аввали вохӯрӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба анҷом расид. Дар оғози нимаи дуввум ҳуҷуми футболбозони «Истиқлол» бори дигар бо гол анҷом ёфт. Михайло Сакич муаллифи голи сеюм шуд. Баъди як дақиқа бо зарбаи сахт аз масофаи дур Мирлан Мурзаев ҳисобро тағйир дод-3:1.  Ниҳоят дар голзанӣ нуқтаи охиринро Шаҳром Самиев гузошт ва голи голи чоруми «Истиқлол»-ро ба нишон расонид.

Баъди ин ғалаба дастаи «Истиқлол» ҳисоби холҳояшро ба 7 адад расонида, мавқеашро дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқот мустаҳкамтар кард. Бозии навбатиашро «Истиқлол» 15 май дар шаҳри Бишкек бо «Дордой» мегузаронад.

Ҷоми КФО-2019

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи  «D». Даври 3

 «Истиқлол» (Тоҷикистон) — «Дордой» (Қирғизистон) — 4:1

Голҳо: Алишер Ҷалилов, 15 -аз пеналти (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 43-аз пеналти (2:0). Михайло Сакич, 49 (3:0). Мирлан Мурзаев, 50 (3:1). Шаҳром Самиев, 81 (4:1)

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Искандар Ҷалилов, Ҷалил Кимсанов, Алексей Ларин, Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Муҳаммадҷон  Раҳимов (Комрон Турсунов, 90), Фатҳулло Фатҳуллоев, Михайло Сакич (Амирбек Ҷӯрабоев, 63)  Шаҳром Самиев (Шериддин Бобоев, 86).

«Дордой» (Бишкек): Валерий Кашуба, Мустафа Юсупов (Мирлан Мурзаев, 46), Курсанбек Шератов,  Ислам Шамшиев (Муролим Ахмедов, 57), Бекжан Сагинбаев, Кайрат Жиргалбек, Алибек Сакенов,  Фархат Мусабеков, Антон Землянухин (Эрнист Батирканов, 77), Вахит Оразахедов, Артур Валикаев.

Бозингари беҳтарин: Алишер Ҷалилов («Истиқлол).

Огоҳӣ: Мустафа Юсупов, Алибек Сакенов, Фархат Мусабеков, Муролим Ахмедов («Дордой»).

Довари майдон: Муҳаммад Ҳасан Маҳмуд Арафа (Урдун).

Нозири доварон: Шанкар Комалисваран (Ҳиндустон).

Комиссари бозӣ: Ҳамид Муминӣ (Эрон).

1 май. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 200 тамошобин.

 

Май 2, 2019 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд