Паҳлавони ҷавони тоҷик Асланҷон Азизов дар Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Асланҷон Азизов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон дар Қазоқистон сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур ба хотири чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ж. Ушкемпиров дар шаҳри Талдиқурғони Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки беш аз 150 нафар варзишгарон аз 5 давлат – Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия ва Ӯзбекистон баргузор шуд.
Бояд зикр кард, ки дар ин мусобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 варзишгари ҷавон иштирок карданд. Асланҷон Азизов дар вазни 55 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон акнун дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуда, ба чемпионати Осиё, ки 9-14 июл дар шаҳри Тайланд доир мегардад, омодагӣ мебинад.








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






