Паҳлавони ҷавони тоҷик Асланҷон Азизов дар Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардид

Май 9, 2019 09:26

ДУШАНБЕ, 09.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Асланҷон Азизов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон дар Қазоқистон сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» корманди  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ    хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,   мусобиқаи мазкур  ба хотири чемпиони Бозиҳои олимпӣ Ж. Ушкемпиров  дар шаҳри Талдиқурғони Ҷумҳурии Қазоқистон бо иштироки беш аз 150 нафар варзишгарон аз 5 давлат – Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Россия ва Ӯзбекистон баргузор шуд.

Бояд зикр кард, ки  дар ин мусобиқа  аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон  3 варзишгари ҷавон иштирок карданд.  Асланҷон Азизов дар вазни 55 кг ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон акнун дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ фаро гирифта шуда, ба чемпионати Осиё, ки 9-14 июл дар шаҳри  Тайланд доир мегардад, омодагӣ мебинад.

Май 9, 2019 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид