Паҳлавонони шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Аврупо дар Оренбург иштирок мекунанд

Май 17, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 17.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 18-19  май дар шаҳри Оренбурги Россия Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои Ҷоми Аврупо миёни бузургсолон баргузор мегардад. Дар он даҳ паҳлавони шинохтаи  тоҷик   ширкат меварзанд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, дар Ҷоми Аврупо дар Оренбург ширкати беш аз 300 варзишгар (мардону занон) аз 24 давлат дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон  даҳ варзишгари шинохта дохиланд, ки дар сабқати мардон иштирок мекунанд.

Дар мусобиқаи мазкур Давлаталӣ Назаралиев (60 кг), Садр Боев, Хушвахт Идиев, Кароматулло Ҳакимов, Ҳақназар Назаров (ҳар чор дар вазни 81кг), Муҳаммад Муродов, Исроил Раҳимов, Муҳаммадуллоҳ Лоиқов, Аъзамшоҳ Расулов (ҳар чор дар вазни 90 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (беш аз 100 кг) барои ба даст овардани медалҳо  ҳунарнамоӣ хоҳанд   кард.

 

Май 17, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд