Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно мулоқот намуданд

Май 18, 2019 09:17

ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Япония» Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коноро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷарёни мулоқот маҷмуи масоили ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки мо ба рушду таъмиқи робитаҳо бо Япония таваҷҷуҳи хоса дорем ва барои густариши ҳамкории судманд дар ҳама сатҳу ҳайат талош меварзем.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ҳамкорӣ, муколамаи сатҳи олӣ, натиҷаҳои сафарҳои ҷавобии расмии сарони давлатҳо изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави робитаҳо дар бахшҳои ояндадори тиҷорату иқтисод, кишоварзӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва туризм, табодули андеша карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи Муколамаи «Осиёи марказӣ + Япония», Агентии байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ «Ҷайка» ва дигар барномаҳои ояндадори муносибатҳо баррасӣ шуданд.

Таъсиси маркази бизнес-инкубатор, Фонди японии сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақими Япония ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушкмеваҳои хуштамъи Тоҷикистон ба бозори Япония, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноати коркарди маъдан, фармасевтика, таъсиси корхонаҳои коркарди пахта, пилла, истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз онҳо, самтҳои дигару судманди ҳамкорӣ маънидод гардид.

Масъалаҳои ҳамкории амниятӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла Афғонистони ҳамсоя, муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд, ки ҷонибҳо оид ба ҳалли онҳо гуфтугуйи судманд анҷом доданд.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно 18.05.2019

Май 18, 2019 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро ба ҳузур пазируфтанд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд