Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҷаласа сарони давлатҳои аъзои иттиҳод — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин Молдова чун давлати нозир ва Тоҷикистон ҳамчун меҳмони фахрӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама ба ҷониби Қазоқистон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳодро муносибатҳои зичи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар асоси дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ИДМ ва СААД ба ҳам мепайвандад. Рушди босамари муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо исботи ин гуфтаҳост.
Сарвари давлат зикр карданд, ки масъалаи рушд ва таҳкими муносибатҳо бо шарикони Иттиҳод дар сиёсати хориҷии мо ҳамеша мақоми махсус дорад ва ҳоҳад дошт. Дар ин росто мо ба тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои ИДМ дар ҳамаи ҷанбаҳо, аз ҷумла дар соҳаи амният аҳамияти хоса медиҳем, таъкид доштанд Президенти мамлакат.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат зикр карданд, ки кишварҳои мо дар ҷаҳорчуби ҳамгироӣ дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, чун терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, якҷо бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, иттифоқчии воқеъӣ мебошанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мо метавонем бо дарёфти роҳҳои хуби таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо дар ҳалли вазифаҳои бузург дар ҳамаи самтҳо, муваффақ гардем.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






