Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 25 — 26 майи соли равон даври ҳаштуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор мегардад. Дар ин давр дастаҳои футболи «Панҷшер» бо «Хатлон», «Кӯктош» бо «Истаравшан», «Истиқлол» бо «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ» бо ССКА «Помир» байни ҳам бозӣ менамоянд. Ин мавзӯро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад.
Бояд зикр кард, ки дар бозиҳои даври ҳафтум дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд байни ҳам рақобат карданд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкати соҳибони майдон –«Хуҷанд» ва « Истиқлол» сурат гирифт. Бозии мазкур бо пирӯзии дастаи футболи «Истиқлол» анҷом ёфт. Футболбозони пойтахт бо натиҷаи 3:0 ғалаба карда, бо касби 19 имтиёз дар рӯйхат дар ҷойи аввал қарор доранд. Тӯбҳоро дар ин вохӯрӣ Асилҷон Бегимқулов (1:0, 32 дақиқа, худгол), Эҳсони Панҷшанбе ( 2:0, 75) ва Аҳтам Назаров (3:0, 79) ба нишон расониданд.
Ҳамзамон дастаи футболи «Хатлон» дар майдонаш бо тими «Панҷшер» қувва озмуда, бо ҳисбои 2:1 пирӯз гардид. Ҳусейн Нурматов ва Нуриддин Ҳамроқулов аз дастаи «Хатлон» ва Саидҷон Шарифов аз «Панҷшер» тӯбҳоро ба номи худ сабт намуданд.
Дар даври ҳафтум бозии дастаҳои «Истаравшан» ва «Кӯктош» бо натиҷаи мусовӣ (0:0) анҷом ёфт. Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ» бошад дар сафар тими КМВА «Помир»-ро бо ҳисоби 2:3 мағлуб намуд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 7.
КМВА «Помир» – «Регар-ТадАЗ» – 2:3
Голҳо: Шерзод Маҳмадиев, 6 (0:1). Шодибек Ғаффоров, 9 (1:1). Шелдори Акбари Араш, 13 (1:2). Шодибек Ғаффоров, 30 (2:2). Нозим Бобоҷонов, 61 (2:3).
Бозингари беҳтарин: Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»).
18 май. Душанбе. Варизшгоҳи Вазорати Мудофиа. 500 тамошобин.
«Истаравшан» – «Кӯктош» – 0:0
Бозингари беҳтарин: Мӯҳсин Абдуғаффоров («Кӯктош»).
18 май. Истаравшан. Варзишгоҳи марказӣ. 8000 тамошобин.
«Хуҷанд» – «Истиқлол» – 0:3
Голҳо: Асилҷон Бегимқулов, 32 – худго (0:1). Эҳсони Панҷшанбе, 75 (0:2). Аҳтам Назаров, 79 (0:3).
Бозинагари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).
19 май. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солдагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 8500 тамошобин.
«Хатлон» – «Панҷшер» – 2:1
Голҳо: Ҳусейн Нурматов, 11 (1:0). Нуриддин Ҳамроқулов, 21 (2:0). Саидҷон Шарифов, 80 – аз пеналти (2:1).
Бозингари беҳтарин: Эраҷ Раҷабов («Хатлон»).
19 май. Бохтар. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3500 тамошобин.
Нишонзанҳои беҳтарин: Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») – 5, Алишер Ҷалилов, Шериддин Бобоев, (ҳар ду аз «Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 4 тӯбӣ.









Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






