Раиси шаҳри Душанбе Барномаеро тасдиқ намуд, ки дар инкишофи неруи зеҳнии омӯзгорони пойтахт нақши муҳим хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 28.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022» тасдиқ гардид.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Барномаи мазкур бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Бояд гуфт, ки системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф яке аз қисматҳои муҳимтарини системаи таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи неруи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи нақшаи чорабиниҳои заминагардидаи барнома, дар ин давра баргузор намудани мизҳои мудаввар вобаста ба мақсад, вазифаҳо ва дурнамои рушди такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ аз фанҳои забони русӣ ва забони хориҷӣ, инчунин ташкили чунин ҷамъомадҳо оид ба усулҳои истифодабарии технологияи нави иттилоотию таълимӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.
«Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе амалигардонии барномаи мазкурро ҳамасола дар доираи маблағҳои буҷетӣ, маблағҳои махсус, грантҳо, хайрияҳо ва сарпарастон барои соҳаи маориф пешбинишуда таъмин намуда, аз натиҷаи иҷрои он ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар шашмоҳа ҳисобот пешниҳод намояд», — омадааст дар қарори Раиси шаҳри Душанбе.
Метавон гуфт, ки амалисозии Барнома ба такмил додани системаи амалкунандаи такмили ихтисос, бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, ташкили низоми ягонаи такмили ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва татбиқи шаклҳои гуногуни баландбардории малакаи касбии кормандони соҳаи маорифи пойтахт мусоидат хоҳад кард.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






