Рамазон Раҳимзода: «Ҷавонони боғайрат метавонанд нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баландтар бардоранд»
ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамъомаде, ки 4 майи соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД баргузор гардид, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, сардори Академияи ВКД Файзалӣ Шарифзода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Абдусаттор Фаттозода, ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони гурӯҳи «Авангард» иштирок намуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иброз намуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро самти афзалиятнок шуморида, пайваста баҳри онҳо ғамхориҳои падарона зоҳир менамояд. Ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат имкон медиҳад, ки ҷавонони боғайрати миллат дар бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фаъолона ширкат намуда, обрӯ ва нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло намуда, номбардорони ин миллати куҳанбунёд гарданд.
Мавсуф изҳори умед намуд, ки «ширкаткунандагони ҷамъомади мазкур, ки донишҷӯёну ҷавонони фаъоли мамлакат мебошанд, метавонанд дар масъалаи пешгирӣ намудан ва мубориза бурдан бо ин гуна зуҳуроти номатлуб дар байни ҳамсолони худ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баранд».
Зимни ҷамъомад як гурӯҳ ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» аз шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ доир ба пешрафти соҳаи илму маориф изҳори андеша карданд. Тавре ҷавонони фаъол зикр карданд, аксари онҳо дар кори тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа бо кормандони милитсия ҳамкории наздик доранд.
Дар идомаи ҷамъомад миёни роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва донишҷӯёну курсантон табодули афкор сурат гирифт.








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






