Се паҳлавони шинохтаи тоҷик дар «Baku Grand Slam-2019» иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 12 майи соли равон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слам оид ба дзюдо баргузор мешавад, ки дар он 3 паҳлавони шинохтаи тоҷик иштирок мекунанд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мусобиқаи мазкур иштироки 469 нафар варзишгар (281 мард, 188 зан) аз 58 кишвари дунё дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро се варзишгари шинохта – Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни +100кг намояндагӣ мекунанд.
Хотиррасон менамоем, ки қувваозмоиҳо аз рӯи 14 категорияи вазнӣ – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон – сурат гирифта, варзишгарон сазовори холҳои олимпӣ мегарданд. Аз ҷумла, барои иштирок 5 хол, барои як пирӯзӣ 50 хол, барои ду пирӯзӣ 60 хол, барои се пирӯзӣ 80 хол, барои ҷои 7-ум 130 хол, барои ҷои панҷум 180 хол, барои ҷои сеюм 250 хол, барои ҷои дуюм 350 хол ва барои ҷои якум 500 хол пешбинӣ шудааст.
Чун анъана, варзишгарон дар баробари ба даст овардани медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Варзишгарон барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1500-долларӣ ба даст меоранд.
Ҳоло дар раддабандии олимпӣ Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 14-уми вазни -90кг, Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 29-уми вазни -73кг ва Шакармамад Мирмамадов дар ҷои 50-уми вазни +100кг мавқеъ доранд.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






