Шавкат Мирзиёев: «25 фоиз кам гардидани сатҳи ҷинояткорӣ аз кори самарабахши Шӯрои вазирони корҳои дохилии ИДМ гувоҳӣ медиҳад»

Май 31, 2019 15:37

ДУШАНБЕ, 31.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли 5 соли охир 25 фоиз кам гардидани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шаҳодати натиҷаҳои самарабахши кори Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ маҳсуб мешавад.

Ин нукта имрӯз зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилӣ ба шаҳри Тошканд ташриф оварданд, зикр карда шуд.

Президенти Ӯзбекистон роҳбарони ҳайати Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон ва Туркманистонро самимона пазироӣ намуда, аз рушди ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ин радиф, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода салому гарму самимии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев расонида, изҳор дошт, ки ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир рӯз аз рӯз тақвият ёфта истодаанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ яке аз механизмҳои муҳими ҳамкории самаранок дар самти мубодилаи таҷрибаи пешқадам, донишҳои замонавӣ, инчунин ҳамоҳангсозии мустаҳкам дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона ва савдои одамон мебошад.

Ҳамчунин дар доираи амалиётҳои муштарак танҳо дар соли гузашта фаъолияти 892 шахсоне, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар машғул буданд, пешгирӣ карда шуда, 84 ҷинояткор дастгир карда шуд.

Дар идомаи вохӯрӣ оид ба масъалаҳои амнияти минтақа, аз он ҷумла, вазъи Афғонистон ва таҳким бахшидани шарикӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ гуфтугӯи судманд доир гардид.

Дар хотимаи мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо — иштирокчиёни аъзои ИДМ муваффақияту бурдбориҳо таманно намуд.

Май 31, 2019 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад