Ширкати «IRS» барои нигоҳдории роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ 15 номгӯйи мошинҳои муосирро харидорӣ кард

Май 21, 2019 15:53

ДУШАНБЕ, 21.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20  майи соли 2019 ба Парки техникии филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  15 номгӯйи  техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда, ки бо мақсади дар сатҳи хубу сифати баланд  амалӣ намудани таъмир ва нигоҳдории роҳи мошингарди Душанбе –Чаноқ  харидорӣ шудаанд, ворид гардид.

Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати мазкур  Далери Абдулло хабар дод.

Бино ба иттилои  манбаъ, техникаҳои мазкур  ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда,  аз мошинҳо  барои бартараф намудани асфалти осебдида ва хобонидани асфалти нав, нақлиёти калони боркаш ва ғайраҳо иборат мебошанд.

«Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таъмиру таҷдиди роҳи мазкур аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст.  Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, ҳангоми вайроншавии   кӯчактарин    қитъаи  роҳи Душанбе – Чаноқ   баҳри бартарафсозии он чораҳои саривақтӣ ва бетаъхир андеша мешавад», -афзуд манбаъ.

Ба гуфти Д.Абдулло махсусияти  роҳи Душанбе – Чаноқ, ки нигоҳдориаш ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст, дар он аст, ки дар канори он дарё ва дарёчаҳои тезоб ҷорианд. Дар фаслҳои баҳору тобистон баландшавии сатҳи оби ин дарёҳо падидаи маъмул буда, аз ин ҳисоб баъзе қисматҳои роҳ осеби ҷиддӣ мебинанд. Дар мавсими боришот ҷӯйборҳои канори роҳ пурсангу лой шуда, кормандони  филиали Ширкат мунтазам тоза намудани онҳоро аз авлавиятҳо медонанд.

Бояд илова кард, ки кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд бо дарки муҳимияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла харидории техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда вусъат бахшида, корҳои зиёдро ба сомон расонидааст.

«Боиси хушҳолист, ки  давоми солҳои  охир ин раванд тавсеа ёфта, аз он шаҳодат медиҳад, ки  роҳбарияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои рисолаташ собитқадам ва дақиқкор  аст»,- афзуд манбаъ.

PS: Дар мавсими имсола  доираи фаъолияти филиали Ширкат   дар роҳи Душанбе — Чаноқ  васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки  зиёда аз 50 километр роҳ таъмири куллӣ  ва зиёда аз 100 километр таъмири ҷорӣ шавад.  Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани  асфалти  роҳ дар назар аст.

Лозим ба ёдоварист, ки бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон  ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат, ки дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд ҷойгиранд,  дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Файзалӣ НИЁЗ,
АМИТ «Ховар»

Май 21, 2019 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад