ШОИРИ МИЛЛӢ – МАЪНОИ ТАЪРИХИ МУОСИРИ ВАТАНӢ. Ба муносибати зодрўзи устод Мирзо Турсунзода
ДУШАНБЕ, 02.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама давру замон шахсиятҳои бузурги илму адаб ба сони оташафрӯз масири зиидагии миллати худро равшан карда, ҷомаеро ба сўйи хушбахтию саодат ҳидоят намудаанд. Махсусан, шоирон, ки ҳассостарин инсонҳои
башаранд, роҳи муваффақияту комёбии миллату мардумро ҳамвор карда, баҳри рафъи мушкилоти мардумӣ аз тариқи шеъру сухан роҳҳалҳою роҳкорҳои муассир манзур намудаанд. Ин навъ инсонҳои бузург, ки бемуҳобо, дар таърих насли миллатсоз ва маънои таърих унвон шудаанд, бо тамоми вуҷуд ба башар хидмат кардаанд.
Мусаллам аст, ки дар муҳит ва фазои тоҷикӣ аз қадимулайём шеър ва мусиқӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонда, ба сифати муҳаррики зиндагии инсонӣ воқеиятҳои рўзгорро бозгў кардаанд. Аз ин ҷост, ки шеър ба унвони неруи тарбиятӣ ва қувваи ҳувиятӣ аз дер боз дар сохтусози инсон ва ҷомеа саҳми асосӣ доштааст. Беҳуда нест, ки ҳакими маъруфи чинӣ Конфутсий ҳанўз асрҳо қабл ин масъаларо пайгирӣ намуда, бунёди тарбиятро ба ҳунар, шеър, ойинҳо ва мусиқӣ марбут дониста, гуфта буд: «Шеър ба гунаи як неруи ахлоқӣ табиати моро дигаргун мекунад ва ҳисси ахлоқро ба мо илҳом мебахшад. Маниши мо аз шеър парварда шуда, бо ойинҳо бунёд гирифта, бо мусиқӣ комил мешавад» (ниг.: Чай Чу, Винберг Чай. Таърихи фалсафаи Чин.-Теҳрон, 1369.-С.56). Ба ин мазмун адабиёт ва шеър дар пайвандӣ бо ҳикмату фалсафа ҷавҳари фарҳанги миллии тоҷикиро дар тўли таърихи ватанӣ ташкил додаанд. Аз Ҷамшеду Зардушту Монию Маздак то ба устод Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва соири адибону шоирони миллӣ ҳамагӣ тавассути ин неруи ҳувиятӣ (шеъру сухан) ба миллат ва мардум бедареғ хидмат кардаанд.
Дар садаи бист, ки давраи тағйироти куллии сиёсӣ, мафкуравӣ, илмӣ, фарҳангӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ буд, чеҳраҳои таъсиргузори миллӣ, назири устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафур ва Мирзо Турсунзода ба арсаи таҳаввулоту таҷаддудот ворид гардиданд ва бо ҷаҳду талошҳои фаровон дар радифи шахсиятҳои ҷаҳонӣ қарор гирифтанд. Агар устодон Айнию Лоҳутӣ дар давраи нави таърихӣ чароғи маънавиёти тоҷикро афрӯхта бошанд, устод Мирзо Турсунзода он рўшаниро қувват ва мудовимат бахшид. Ба қавли адиби машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов, «Мирзо идомадеҳи_назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ў ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард». Воқеан, устод Турсунзода бо такя ба неруи фикрӣ, тавони сиёсӣ ва ҳунари адабӣ дар замон ва макони мушаххас тавонист, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷикро дар миқёси байналмилалӣ ба таври щоиста муаррифӣ созад. Дар ин амр ба устод Турсунзода донишу маърифат, таҷриботу андўхтаҳо, сайру сафардидаҳо, диду боздидҳо, мулоқоту вохўриҳояш бо намояндагони милалу халқиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ мусоидат намуда, ўро то ба дараҷаи як шахсияти миллӣ ва фаромиллӣ расониданд. Ногуфта намонад, ки устод Турсунзода дар даврони Шўравӣ аз ангуштшумор арбобони сиёсию давлатие буд, ки дар миқёси ИҶШС ва берун аз он нуфуз ва эътибори баланди сиёсию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ дошт. Агар ошноӣ ва дидору суҳбат бо симоҳои бузурги сиёсӣ, адабӣ, илмӣ, эҷодӣ ва мадании минтақавию ҷаҳонӣ, аз як тараф, таҷрибаи сулҳпароканӣ ва ватанпарастии ин арбоби бузурги давлатиро ғанӣ сохта бошад, аз тарафи дигар, ўро минҳайси шахсияти фаромиллӣ ва фароминтақавӣ муаррифӣ кард. Устод ба сифати сафири сулҳи Шўравӣ на танҳо сиёсат ва мафкураи шўравиро таблиғ кард, балки фарҳанги тоҷикиро ба дуриҳои дур интиқол дода, ҳувияту ҳайсияти тоҷику тоҷикистониро ба намояндагони миллатҳои гуногуни сайёра ошно намуд. Ба ин маъно ҳангоми сафар ва диду боздидҳо ин шахсияти бузурги миллӣ ҳувияти тоҷикиро бо худ ба ҷуғрофиёи дуру наздик бурд ва миёни мардуми ҷаҳон тухми сулҳу дўстӣ ва ҳамдилию ҳамбастагиро паҳн кард. Бо таваҷҷуҳ ба ин, тоҷику тоҷикистонӣ бо исми Турсунзода ҳамеша ифтихор мекард ва ҳар мулоқоту вохўриҳои устод бо намояндагони қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷумҳурӣ бо шўру ҳаяҷони мардумӣ ҳамоҳанг буд. Зимнан, ҳар маъракаю чорабиние, ки бо ҳузури устодон Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода баргузор мешуд, яқин бо меҳру отифат, шеъру балоғат, назокату нафосат, шўхию латофат, ҳазлу зарофат ва ҷуръату ҷасорат тавъам буд. Илтифоту самимияти устод Турсунзода ҳар дидору мулоқотро рангину хотирмон месохт. Адабиётшиноси фақиди тоҷик Камол Айнӣ навиштааст: «Касе ба мисли Турсунзода ба шуҳрати миллаташ шуҳрат зам накардааст. Аввалан, ӯ чун рамзи миллат, ҳамчун мунодии сулҳ ба тамоми қитъаҳои олам сафарҳо анҷом додааст, баъдан дар ҳар куҷое, ки будааст, чун гўшту нохун ҳамеша бо Ватан будааст». Ин буд, ки устод дар ҳама сафарҳояш бо Ватан ҳамнафас буд ва ёди Ватан ўро пайваста ҳамсафарӣ мекард.
Ба мисли гӯшту нохун ман ҳамеша бо Ватан будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт.
Устод Турсунзода ҳамвора дар садри маҳофили адабӣ, сиёсӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва маданӣ қарор гирифта, аз ҷониби шахсиятҳои овозадор тавсифу тамҷид мешуд. Рози тамҷиду тавсифи устод, қабл аз ҳама, дар самимият ва инсонияти ў нуҳуфта буд. Дӯст ва ҳамсафи Турсунзода, шоири шаҳири Покистон Файз Аҳмади Файз, ки дар роҳи сулҳу дўстӣ солҳо бо шоир ҳамқадам ва ҳамнафас буд, дар мавриди устод фармудааст: «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд. Ӯ Ватани худро дӯст медошт…». Тамҷиди инсони заминӣ, таъйини ҷойгоҳи инсонӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ, сарсупурдагӣ ба халқу ватану миллат устод Турсунзодаро байни хосу ом маҳбуб гардонида буд. Пуштибонӣ аз аҳли адабу ҳунар ва фарҳангу маънавиёт пуштибонӣ аз давлату миллат аст. Маҳз ҳамин нуктаро адиби бузурги туркман Бердӣ Карбобоев дар шахсияти Турсунзода дарёфта, гуфта буд: «Мирзо қаноти миллати тоҷик ва ҳам қаноти ман аст».
Устод Турсунзода, бо он ки гирифториҳо ва масруфиятҳои зиёди расмию идорӣ, сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ дошт, ҳеҷ гоҳ аз шеъру сухан дурӣ наҷуст. Баръакс, шеърро бо шиор даромехт ва барои раҳоии башар аз истибдоду истисмор корбаст кард. Ў таҷрибаи сўхтан ва сохтанро дар шеър омўхта буд ва аз ин зовия ба зиндагии иҷтимоӣ наздик мешуд. Ин аст, ки хешро ба сифати шоир мухотаб қарор дода, гуфтааст:
Шоиро, аз сўхтан дорӣ хабар?
Пас, макун аз оташи сўзон ҳазар…
Шоиро, аз сўхтан ҳаргиз манол,
Сўхтанро дўст медорад висол.–
Сўхтану сохтанҳо, чи дар сиёсату мафкурасозӣ ва чи дар фарҳангу нуктапардозӣ ҷараёни омўзиш, биниш, дониш ва таҷрибаю мушоҳидаҳои устодро таҳкиму тақвият ва ҷуръату ҷасорати сиёсию иҷтимоиашро тавсеа бахшидааст. Устод тавассути офаридани шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардумӣ қарин шуд ва розу овози дили инсон ва дар маҷмўъ, халқро бо тарзу сабки нав манзур намуд. Масъалаи инсон, ки дар меҳвари кори эҷодии устод Турсунзода қарор доштааст, дар ҳамаи давру замонҳо вобаста ба имконоти фикрию ҳунарии адибон ҷилваю тобише тоза ба бар кардааст. Донишманди эронӣ Муҳаммад Мухторӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, чунин навиштааст: «Шеъру ҳунари нав дар ҳар даврае тасвири наве аз инсон будааст. Тасвир ва кашфи инсони нав танҳо ба ҳавзаи илм ихтисос надорад, балки коркарди табии шеър ва ҳунар низ ҳаст. Ва гоҳо ҳатто кашфи инсони нав дар шеър ва ҳунар басе зудтар ва амиқтар аз ҳавзаҳои зеҳнии дигар рух намудааст(ниг.: Муҳаммад Мухторӣ. Инсон дар шеъри муосир. Теҳрон, 1377. -С. 30-31). Ба ин манзур устод Турсунзода таваҷҷуҳи асосиро ба инсони заминӣ ва вораста аз бандуборҳои хурофотӣ ҷалб намуда, шеърро бо эҳсос ва дарду мушкилоти рўзафзуни ҷомеа пайванд дод. Озодии инсон, пирўзии ў бар ҷаҳлу нодонӣ ва заволи истисмору истибдоди дохилию берунӣ ҳадафи фаъолиятҳои фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, адабӣ, маданӣ ва иҷтимоии устод Турсунзода буда, дар ин масир то вопасин нафасҳо гом бардоштааст. Устод рози дили худро тавъам бо асрори қалби мардумӣ ва таҷаддуди зиндагӣ донистааст:
Сурудам — ҳофизи рози дили ман,
Аниси булбуловози дили ман.
Уқоби тезпарвози дили ман,
Адиби нуктапардози дили ман.
Ба обу ранги нав овоз сар кун,
Сар овози нав аз банди ҷигар кун.
Мирзо Турсунзода таҷрибаи устодон Айнӣ ва Лоҳутиро на танҳо идома дод, балки таҳкиму тавсеа бахшид (ниг.:Саидзода Ҷамолиддин. Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод! (Рисолаи илмию тадқиқотӣ). –Душанбе: Адиб, 2010. -С.20). Шеъри инқилобии устод Лоҳутӣ дар марҳилаи аввали таърихӣ ва назми шўрангези иҷтимоии устод Турсунзода дар марҳилаи баъдӣ раванди бедории иҷтимоиро на танҳо дар маҳдудаи қаламрави давлати Шўравӣ, балки фаротар аз он тақвият дод. Аз ин ҷост, ки шеър дар қаламрави адабиёту фарҳанги тоҷикӣ ба ҳунари вижа ва муҳаррики зиндагии инсонӣ табдил ёфт. Гузашта аз ин, Турсунзода бо тасмимот, ибтикороту ташаббусоти мунҳасир ба фард насли нави шоирону адибони миллиро дар симои устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсор Сафӣ рўйи кор овард, ки шеъру адабиёти тоҷикро дар марҳилаҳои баъдӣ рушду такомул дода, то замони имрўз сиҳату солим расонидаанд. Бовар дорем, ки насли имрўзи шоирону нависандагон ва адибони миллӣ суннату анъанаҳои неки насли устод Айнию Турсунзодаро идома медиҳанд.
Устод Турсунзода бо нутқи бурро, сухани гиро, чашми бино ва равони тавоно то охири умр алайҳи ҷангҷӯёну ҷангандешон, мустамликадорону мустамликахоҳон ва золимону мустабидони хориҷӣ қиёми сиёсӣ-мафкуравӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ намуд ва бо ашъору гуфтору нигоришоти арзишмандаш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дода буд, ки аз ҷангу даргирӣ дурӣ ҷӯянд ва ба домони сулҳу дўстӣ панаҳ бубаранд. Устод Турсунзода ҳанўз замони зиндагӣ шароити глобалӣ ва геополитикии минтақа ва ҷаҳонро хуб дарк карда, ба ин натиҷаи мантиқӣ расида буд, ки қудратҳои ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ кишварҳои ҳассосро дар ҳоли даргирӣ қарор медиҳанд ва аз ин тариқ бар дороиҳои миллию мардумии минтақаҳо мусаллат мегарданд. Ташвишу изтироби мардумӣ аз ҷангу даргириҳо, ки, мутаассифона, имрўз ҳам ҷомеаи ҷаҳониро дунболагирӣ мекунад, устод Турсунзодаро ҳам сахт нигарон сохта буд. Дар ин замина устод рисолати аслии инсониро дар раҳоии мардум аз балоҳои азим, ки муҳимтаринаш ҷангу қудратталабӣ буда, ҷаҳону заминро ба коми нестию нобудӣ мекашад, донистааст. Дарвоқеъ, ҳифзи замин аз балоҳои азим имрўз ҳам аз авлавиятҳои калидии ҳаётӣ маҳсуб меёбад ва ҷомеаи илмию маданӣ ва фаъолони иҷтимоии ҷаҳонӣ ин самтро меҳвари фаъолият қарор медиҳанд.
Сарнавишти замин ва ҷаҳон ба кайфияти тадбирҳои судманд ва чораҷўйиҳои муассири ҷомеаи инсонӣ бастагӣ дорад ва солҳо қабл устод Турсунзода ин масъаларо ҷиддӣ матраҳ намуда, хитобан ба насли солимақли башар таъкид карда буд:
Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.
Файласуфи бузурги олмонӣ Карл Ясперс инсонҳои бузургро «маънои таърих» номида буд. Бар ин мабно, устод Турсунзода рамзи сулҳу дўстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва билохира маънои таърихи муосири миллию ватанӣ буда, ҳаст ва хоҳад монд. Мутолеа, таблиғу ташвиқ ва корбасти андеша, осор, ашъор ва таҷрибаи ин фарзанди барўманди миллати тоҷик барои насли имрӯзи ватан тақозою зарурати замонию маконӣ аст. Устод Лоиқ хеле барвақт ин заруратро пай бурда, дар азму назму разм пайрави Айниву Турсунзодаро буданро меҳвари кору пайкори миллӣ талаққӣ карда буд:
Мо ҳам аз мардони меҳнатзодаем,
Сина бар амри Ватан бикшодаем.
Ҳам ба азму ҳам ба назму ҳам ба разм,
Пайрави Айниву Турсунзодаем.
Н. НУРОВ,
устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода
(Бознашр аз рӯзномаи «Минбари халқ)