Таэквондочиёни навраси тоҷик дар шаҳри Самарқанд соҳиби 4 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори 4 медал – 1 тилло ва 3 нуқра гардиданд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқа бо иштироки варзишгарони навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ 11-12 май доир гардид. Медали тиллоро Шоҳрӯз Норов дар вазни 33 кг ба даст овард. Аъзам Ғаниев дар вазни 33кг, Муҳаммадризо Шукуров дар вазни 37кг ва Нурулло Муродов дар вазни 45кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд.
Ба иттилои раиси федератсияи таэквондо Ҷаҳонзеб Қармишев, иштирок дар ин мусобиқа барои интихоби варзишгарони беҳтарин ҷиҳати омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин тибқи барномаи махсуси федератсия, варзишгарони беҳтарин ба Бозиҳои олимпии наврасон-2022 тайёрӣ мебинанд.
Қаблан таэквондочиёни навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Суйлиш Батир дар Қазоқистон 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварда буданд. Лутфулло Алишон дар вазни 73кг ҷои дуюм, Бахтовар Пулодов дар вазни 49кг ва Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73кг ҷойҳои сеюмро сазовор гаштанд.
Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар шаҳри Қизилордаи Қазоқистон Самад Амиршоев дар вазни 33кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.








Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид






