«ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ – ИНТИХОБИ МО!». Таҳти ин шиор дар Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд дар асоси нақшаи чорабиниҳои якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо!» як зумра мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмот, футболи хурд ва волейбол байни ҷавонону наврасони шаҳри Хуҷанд доир гардиданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, зимни мусобиқа сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ, полковники милитсия Абдусаттор Фаттозода зикр намуд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои ташвиқи бештари тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш пайваста мусобиқаҳои варзишӣ ташкил менамояд ва онҳо дар сатҳи баланд доир карда мешаванд.
Дар ин мусобиқаҳо ҷавонон аз намудҳои гуногуни варзиш маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойҳои баланд гардиданд. Ғолибони мусобиқаҳо аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Ифтихономаву Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки варзиш яке аз соҳаҳои муҳими мамлакат маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаҷониба дастгирӣ мегардад. Зеро машғул шудан ба варзиш ҷавононро аз ҳар гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ дур месозад. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур мубориза бо ҷинояткорӣ, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва донишомӯзиву хониши намунавӣ мебошад. Тавре шайх Бӯалӣ Сино фармудааст: «Камҳаракатӣ на танҳо боиси бемориҳо мегардад, балки инсонро ба фикри бад ва роҳи бад мебарад…».








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






