Тоҷикистон аз рӯи истеъмоли тамоку дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мақоми сеюмро ишғол менамояд
ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи истеъмоли тамоку дар байни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил мақоми нуҳум ва дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд. Ин нуктаро имрӯз зимни ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода баён намуд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳамоиши мазкур таҳти унвони «Тамоку ва саломатии шуш» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ баргузор гардид.
Зимни ҷамъомад иштирокдорон масъалаҳоро доир ба хавфи истеъмоли тамоку, зарурати тадбирҳои самараноки паст кардани сатҳи истеъмоли он, нақши муҳими шуш барои саломатӣ ва некӯаҳволии ҳар як шахс, таъсири зараровари истеъмоли тамоку ба шуши инсон, аз саратон то ба бемориҳои музминро муҳокима намуданд.
С.Умарзода зикр намуд, ки ҳамасола 31 май дар аксар кишварҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии бидуни тамоку таҷлил карда мегардад. Таҷлили ин рӯз дар ҷумҳурии мо низ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола ба таври хоса ҷашн гирифта мешавад.
«Тамоку ва маҳсулотҳои он кашфи дасти худи инсон мебошад, вале кор имрӯз ба ҷое расидааст, ки инсон бо муқобили ихтирои худ мубориза мебарад. Ҳарсол миллионҳо нафар одамон дар кураи замин аз зарари тамоку ва маҳсулотҳои он бемор гардида, мефавтанд. Тамоку ва маҳсулотҳои он натанҳо инсонро ба марг мерасонад, балки ба иқтисодиёти шахс, оила ва кишвар низ таъсири беандоза мерасонад»,- илова намуд номбурда
С.Умарзода аз он изҳори таассуф намуд, ки имрӯз баъзе нафарон зарари тамокуро ба таври возеҳ дарк накарда, оид ба бемориҳои ғайри сироятӣ оварда расонидани он маълумоти комил надоранд.
«Агар ба маълумотҳои оморӣ рӯ оварем, мо афзоиши бемориҳои дилу раг, саратон, бемориҳои музмини шуш ва роҳҳои нафасро мушоҳида карданамон мумкин аст. Дар ҷумҳурии мо низ нафарони зиёд аз тамоку ва маҳсулотҳои он истифода мебаранд, ки ба саломатии онҳо ва атрофиён хатари зиёд дорад», — гуфт номбурда дар идомаи суҳбат.
Таъкид шуд, ки тадқиқоти охире, ки дар соли 2016 гузаронида шуда буд, муайян намуд, ки 29,9 фисади аҳолӣ калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоку мекашанд ва аз ин теъдод 25,7 фоизро мардон 2,2 фоизро занон ташкил мекунад.
Тибқи иттилои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, истифодаи тамоку яке аз сабабҳои асосии беморӣ ва фавти аҳолии ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ҳамасола тамоку тақрибан 8 миллион нафарро аз байн мебарад. Миллион нафарони дигар аз истеъмоли тамоку ба бемории саратони шуш, сил, диқи нафас ва бемориҳои музмини шуш гирифтор мешаванд.








ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Беш аз 49 фоизи аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд






