Варзишгарони навраси тоҷик дар Тошканд сазовори 4 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони навраси тоҷик дар 7-умин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, сазовори 4 медал, аз ҷумла ду медали тилло шуданд.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо иштироки беш аз 400 нафар варзишгарони соли таваллудашон 2005-2006 аз 4 давлат – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Варзишгарон аз рӯи 12 категорияи вазнӣ барои ҷоизаҳо талош намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба гӯштини юнонӣ-римӣ дар ҳайати 9 варзишгар дир ин мусобиқаи варзишӣ иштирок карда, ба гирифтани 2 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ мушарраф шуд.
Хотиррасон менамоем, ки медалҳои тиллоро Анвар Ҷӯраев дар вазни 62кг ва Шаҳбоз Давлатов дар вазни +85кг ба даст оварданд. Муҳаммад Тураев дар вазни 68кг медали нуқра, Муҳаммад Яҳёев дар вазни 52кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медалу диплом бо ҷоизаҳои пулӣ низ қадрдонӣ шуданд.








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод






