Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно: «Япония бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона дорад»
ДУШАНБЕ, 18.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Мулоқоти ҳафтуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи марказӣ + Япония» Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коноро ба ҳузур пазируфтанд.
Пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Япония Таро Коно дар ҳузури хабарнигорон баён дошт, ки Япония дар чаҳорчӯбаи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Япония» муносибатҳои дуҷонибаи дӯстонаро бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдорӣ менамояд.
Таро Коно ҳамчунин иброз дошт, ки ин аввалин сафари Вазири корҳои хориҷии Япония ба Тоҷикистон дар давоми 15 соли охир мебошад ва илова кард, ки «зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмӯи масоили ҳамкории ду кишвар муҳокима шуданд. Аз ҷумла, ҷалби сармоя ва сайёҳон аз Япония ба Тоҷикистон, инчунин мубодилаи афкор дар соҳаи фарҳанг ва маориф. Япония бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстона дорад. Ҷиҳати дар оянда тавсеа ёфтани ҳамкории барои ҳар ду ҷониб судманд заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст».








Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Беш аз 300 хабарнигори ватанӣ ва хориҷӣ Конфронси оби Душанбе-2026-ро инъикос менамоянд
Дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк бахшида ба Рӯзи байналмилалии морхӯр чорабинӣ доир гардид
Дар Абузабӣ Конфронси оби Душанбе ҳамчун минбари муҳими муколамаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Москва
Дар Москва мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Ҷашнвораи баҳори Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Корея гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Барои иштирокчиёни конфронси байналмилалӣ 7 хатсайри сайёҳӣ пешниҳод гардидааст
Дар шаҳри Варшава барои ҷавонони тоҷик мусобиқаи футбол ташкил карда шуд
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон баррасӣ гардид






