Вазири мудофиаи Россия Сергей Шойгу ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу ба Душанбе ташриф овард. С. Шойгу имрӯз бо роҳбарияти Тоҷикистон доир ба масъалаҳои навсозии неруҳои ҷумҳурӣ ва фаъолияти пойгоҳи низомии 201-и Россия гуфтушунидҳо мегузаронад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Интизор меравад, ки ин масъалаҳо зимни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Россия Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу баррасӣ гарданд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки Вазири мудофиаи Россияро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намоянд. Тавре ТАСС бо истинод ба Вазорати мудофиаи Россия хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот «масъалаҳои навсозии артиши Тоҷикистон ва фаъолияти пойгоҳи низомии Россия, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт».
«Мавзуъҳои асосии мулоқотҳо-масоили бо аслиҳаи нав муҷаҳҳаз гардонидани пойгоҳи низомии Россия, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст, инчунин навсозии артиши Тоҷикистон мебошанд», — гуфт котиби матбуоти Вазорати мудофиаи ФР Россияна Марковская.
Ёдовар мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-пойгоҳи бузургтарини Россия дар хориҷ аз кишвар аст. Он дар ду шаҳри Тоҷикистон-Душанбе ва Бохтар ҷойгир мебошад. Тибқи Созишномаи соли 2012 ба имзорасида ин пойгоҳ то соли 2042 дар Тоҷикистон хоҳад монд.
Тавре ТАСС менависад, қаблан Президенти Россия Владимир Путин ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «барои мусоидат ва кумак ба фаъолияти пойгоҳи низомии Россия» изҳори сипос намуд. Президенти Россия иброз дошт, ки ин омили муҳими суботу амният дар минтақа, бахусус дар Тоҷикистон мебошад.
ДАР АКС: Вазири мудофиаи Росия Сергей Шойгу. Акс аз бойгонӣ








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






