Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: «Хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон талаботи асосии фаъолияти хизматчиёни давлатист»

Май 16, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар мулоқот бо кормандони молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо аз 10 майи соли 2019 баён доштанд,  ҷаласаи васеъ  баргузор гардид. Дар  ҷаласа кормандони дастгоҳи марказӣ  ва сохторҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.

Тавре аз  маркази матбуоти  вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  муовини якуми вазир Эмин Сангинзода  муҳтавои матни суханронӣ ва дастуру супоришҳои Президенти  мамлакат  Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, зикр кард, ки аз ҷониби вазорат ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар  мулоқоти  мазкур нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки  ҳамчун хизматчии давлатӣ дар  иҷрои саривақтӣ ва сифатноки стратегияву барномаҳои соҳавӣ ва ҳадафҳои миллии рушд, ки дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидаанд,   нақши сазовор гузошта, уҳдадориҳои мансабиро тибқи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монанд.

«Вазорат ҷиҳати истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетиву ғайрибуҷетии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ  назорати доимӣ  ба роҳ монда, баҳри    баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулияти кормандони дастгоҳи марказӣ, хадамоту агентӣ ва муассисаҳои давлатии системаи вазорат тадбирҳои зарурӣ  андешида,  барои пешгирии  амалҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар самти хизматрасониҳои давлатӣ, хусусан ҳангоми додани иҷозатнома ва иҷозати кор ба субъектони хоҷагидор,  шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд, чораҳои мушаххас роҳандозӣ  менамояд. Ҳамчунин  хароҷоти буҷети соҳаҳои вазоратро   дар  ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва муносиб гардонида, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетиро  таъмин намуда,  гузаронидани мониторинги доимиро дар ин самт  ба нақша гирифтааст. Ҳамзамон бо Бонки миллӣ ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»  ҳамкорӣ  ба роҳ мемонад»,- афзуд Э.Сангинзода.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки  хизмати содиқона ба Ватан ва халқи Тоҷикистон  яке аз талаботи асосӣ  дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ  маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ бояд манфиати давлату миллатро аз дигар манфиатҳо боло гузорем.

Таъкид гардид, ки дар асоси супориши махсуси роҳбарияти вазорат ҳамин гуна ҷамъомадҳои тавзеҳотӣ дар агентиву хадамот, муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои таркибии вазорат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  дар асоси Нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи вазорат   баргузор  мегарданд.

Май 16, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон