ВКД ҶТ: Барои азнавбақайдгирии симкортҳо шиносномаҳои намунаи соли 1996-ро то 10 август бо шиносномаҳои намунаи соли 2014 иваз намоед
ДУШАНБЕ, 27.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Шахсоне, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, бояд то 10 августи соли равон онҳоро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гиранд», — чунин омадааст дар эълоне, ки дар сомонаи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардидааст.
ВКД ҳамчунин аз шахсони мазкур хоҳиш намудааст, ки барои иваз намудани онҳо ба шуъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд.
Тавре аз Вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» роҳандозӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи дастури Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи шуъбачаҳои шиносномадиҳии ШВКД-ҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки реҷаи кории худро аз соати 08:00-и субҳ то соати 22:00-и шаб ба роҳ монанд.
Барои иваз намудани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 1996 ба намунаи нави соли 2014 ҳуҷҷатҳои зерин лозим мебошанд:
1. Шиносномаи намунаи соли 1996.
2. Рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
3. Маълумот оид ба гурӯҳи хун (ихтиёрӣ).
4. Расид (квитансия) ба андозаи 10 доллари ШМА бо асъори миллӣ (иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробар карда шуда, нафақахӯрон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 аз пардохти маблағи шиноснома озоданд).
5. Дафтари ҳавлӣ ё ордери хона (манзилнома) ё маълумотнома аз ҷамоати деҳот.
6. Шаҳодатномаи ақди никоҳ (ё бекор кардани ақди никоҳ).
7. Як дона сурати сиёҳ-сафеди 3,5 х4,5 мм.








Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд
Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад






