Занони соҳибкори вилояти Суғд соҳиби 60 грант гардиданд

Май 4, 2019 09:55

ДУШАНБЕ, 04.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи  қарори Раиси вилояти Суғд барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2019 60 грант таъсис дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти мабуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, грантҳои мазкур ба занони ҳунарманд, эҷодкор ва соҳибкорони инфиродӣ, ки лоиҳаи пешниҳоднамудаи онҳо ба рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманду эҷодкор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон нигаронида шудаанд, ҷудо карда мешаванд.

60 грант 420 ҳазор сомониро ташкил намуда, 15 грант дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 ҳазор сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ муайян карда шудаанд.

Муҳлати татбиқи ҳар як лоиҳа на камтар аз шаш моҳ буда, хоҳишмандон метавонанд барои пешниҳоди лоиҳаҳо ба Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд муроҷиат намоянд.

Май 4, 2019 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд