ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Файзобод ду Маркази саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт

Июнь 28, 2019 10:39

ДУШАНБЕ, 28.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Файзобод ду маркази саломатӣ, яке дар деҳаи Дубеда ва дигаре дар Орифон сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Марказҳои саломатии деҳаҳои мазкур  тибқи нақшаи ягона бунёд гардида, дорои 6 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳ мебошанд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, ин муассисаҳои замонавӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ ва мебели махсус ҷиҳозонида шуданд.

Дар маросими ба истифода додани Марказҳои саломатии Дубеда ва Орифон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова, масъулини Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки ин марказҳои саломатӣ дар ноҳияи Файзобод ба  10 000 нафар аҳолии деҳаҳои  Дубеда, Карсанг, Орифон ва Мискинобод хизмати босифати тиббию санитарӣ мерасонад.

Қобили зикр аст, ки ба маркази саломатии зикршуда  85 номгӯи таҷҳизоти тиббӣ, 24 намуди мебели тиббӣ, ҷевон, мизу курсӣ ва лавозимоти дигар, занҷираи хунукидиҳӣ ва генератор харидорӣ ва пешниҳод шудааст, ки барои кори хуби табибон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин ба марказҳо ва бунгоҳҳои саломатии ноҳия аз ҷониби Лоиҳа таҷҳизоти зарурии тиббӣ барои истифодаи табибон ва кормандони миёнаи тиб харидорӣ ва дастрас карда шудааст.

Июнь 28, 2019 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад