ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ёвон боз як муассисаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 30.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Бӯстон-1»-и ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон як маркази саломатӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази саломатии деҳаи мазкур тибқи нақша ба сеюним ҳазор аҳолии ҷамоат хизмат намуда, ҳаҷми сармояи он 1200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар маркази мазкур ҳафт нафар пизишкони болаёқат бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Марказ дорои 7 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳу ташхисгоҳ мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, маркази саломатии мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Ин муассисаи тиббӣ ҳамчунин бо тамоми таҷҳизоти тиббии зарурӣ, таҳлилгоҳ ва мебели тиббӣ таъмин гардидааст.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана барои хизматрасонии 80 нафар дар як вақт чойхонаи миллӣ, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ба истифода дода шуданд.
Инчунин дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти «Ситораи сурх» ва деҳаи «Бӯстон-2», ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова як мағозаи замонавӣ ва дар гардиши кӯчаи ба номи К. Қурбонови ҳамин ҷамоат нуқтаи шустушӯи нақлиёт, мағозаи замонавӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтанд. Дар иншооти мазкур, дар маҷмӯъ 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар маросими ба истифода додани ин иншооти соҳаи иҷтимоӣ директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, ёрдамчии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова ва раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темурзода иштирок доштанд.
Номбурдагон иброз доштанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳу купурӯкҳо, китобхона, қасрҳои фарҳанг, майдончаҳои варзишию истироҳатӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо бунёд мегарданд, ки онҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






