ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Ёвон боз як муассисаи тиббӣ дар хизмати мардум қарор гирифт

Июнь 30, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 30.06.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи «Бӯстон-1»-и  ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфоваи  ноҳияи Ёвон,  вилояти Хатлон як маркази саломатӣ  сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази саломатии деҳаи мазкур  тибқи нақша ба сеюним ҳазор аҳолии ҷамоат хизмат намуда, ҳаҷми сармояи он 1200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар маркази мазкур ҳафт нафар пизишкони болаёқат бо ҷойи кори доимӣ  таъмин  шуданд. Марказ дорои 7 ҳуҷра, аз ҷумла қабулгоҳ, ҳуҷраҳои иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, утоқи табиби оилавӣ ва таҳлилгоҳу ташхисгоҳ мебошад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Ёвон хабар доданд, маркази саломатии мазкур дар доираи амалисозии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуд. Ин муассисаи тиббӣ   ҳамчунин бо тамоми таҷҳизоти тиббии зарурӣ, таҳлилгоҳ ва мебели тиббӣ таъмин гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ноҳияи Ёвон ҳамчунин дар деҳаи Даҳанаи ҷамоати деҳоти Даҳана барои хизматрасонии 80 нафар дар як вақт чойхонаи миллӣ, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ  ба истифода дода шуданд.

Инчунин дар деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти «Ситораи сурх» ва деҳаи «Бӯстон-2», ҷамоати деҳоти ба номи Г. Юсуфова як мағозаи замонавӣ ва дар гардиши кӯчаи ба номи К. Қурбонови ҳамин ҷамоат нуқтаи шустушӯи нақлиёт, мағозаи замонавӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифтанд. Дар иншооти  мазкур, дар маҷмӯъ 50 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин  шуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар маросими ба истифода додани ин иншооти  соҳаи иҷтимоӣ  директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода,  ёрдамчии вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Содиқова ва  раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темурзода иштирок доштанд.

Номбурдагон иброз доштанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла  мактабу кӯдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳу купурӯкҳо,  китобхона, қасрҳои фарҳанг, майдончаҳои варзишию истироҳатӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ  ва дигар иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо ва ғайраҳо бунёд мегарданд, ки онҳо барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва некуаҳволии мардум мусоидат менамоянд.

Июнь 30, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ёвон роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти томактабӣ сохта мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон тарабхонаи “Кайҳон”-ро  ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи панҷошёнаи “Кайҳон”-и ҶСК  “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд”-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газаблоки “Хишти муосири аълосифат”-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мактаби санъати шаҳри Бӯстонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ Сирдарёро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти ҶДММ «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд