Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Душанбе боз як майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дод

Июнь 25, 2019 14:24

ДУШАНБЕ, 25.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  майдончаи нави варзишӣ ва бозии кӯдакон ба  истифода  дода шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, майдончаи мазкур дар кӯчаи Борбади ин ноҳия аз  ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дар  маросими кушодашавии он  директори Агентӣ Сулаймон Султонзода ва дигарон иштирок намуданд.

Майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, бозии кӯдакон ва макони истироҳати калонсолон пешбинӣ гардида, масоҳати умумии он 2 ҳазору 100 метри мурабаъро  ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки иқдоми мазкур идомаи ташаббуси роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат  буда,  мақсад аз он  тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавияти варзиш  ва ҷалби наврасону ҷавонон ба он мебошад.

Бояд гуфт, ки дар раванди иҷрои корҳо сохтмонии ин майдонча зиёда аз 2 ҳазору 400 метри мурабаъ роҳравҳои назди он ва хонаҳои истиқоматӣ мумфарш гардида, обравҳои бетонӣ иваз карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 низ дар кӯчаи А.Раҷабовҳои пойтахт чунин майдончаро сохта мавриди истифода қарор дода буд.

Июнь 25, 2019 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд