Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ бо мақсади таъмини боэътимоди шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он дар наздикии «Боғи Ғалаба» (Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ) сохта мешавад.
Зимни гузоштани санги асоси зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ ва муаррифии лоиҳа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иттилоъ дод, ки зеристгоҳ бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ бунёд карда мешавад.
Сохтмони иншоот дар доираи нақшаи рушди соҳаи энергетика барои солҳои 2022-2030 амалӣ мегардад.
Пудратчии лоиҳа ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» мебошад.
Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, коҳиш додани талафоти техникии неруи барқ ва кам кардани сарбории зеристгоҳҳо ва хатҳои амалкунандаи интиқоли барқи 110-220 кВ ба ҳисоб меравад.
Тибқи нақша, зеристгоҳи нав моҳи августи соли 2028 ба истифода дода мешавад.
Зимни суҳбат бо сохтмончиён вазир зарурати таъмини сифати баланди корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонидани сохтмони зеристгоҳро таъкид намуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






