Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 8 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоишу фурӯши картошка баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби кишоварзони мамлакат навъҳои гуногуни картошка ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Сокинони пойтахт имкон доранд, ки бо нархҳои дастрас картошка харидорӣ намоянд.
Ба маълумоти олимони соҳаи кишоварзӣ, картошка барои аҳолии кураи Замин зироати асосии хӯрокворӣ ба шумор меравад. Мувофиқи маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол баъд аз гандум ва шолӣ картошка дар дунё ҷои сеюмро ишғол менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






