Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши картошкапарварон баргузор мегардад, ки дар он навъҳои гуногуни картошка ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқон, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот мебошад. Ҳамзамон барои сокинони пойтахт ва иштирокдорон навъҳои гуногуни картошка ва хӯрокҳои омодашуда аз он ба намоиш гузошта мешаванд. Инчунин намоиш-фурӯши картошка барои сокинони пойтахт бо нархҳои дастрас пешниҳод мегардад.
Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти озуқаворӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар 68 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли 2025 3,6 ҳазор гектар зиёд мебошад.
То 1 октябри соли равон дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 1 миллиону 31 ҳазору 647 тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 135 ҳазору 128 тонна зиёд мебошад.
Ба иттилои мутахассисон, меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои як нафар дар як сол 92 килограмм аст. Тибқи таҳлилҳо, дар дунё 52 фоизи ҳосили картошка барои ғизои одамон, 34 фоиз барои хӯроки ҳайвонот, 10 фоиз барои тухмӣ ва қариб 4 фоиз барои истеҳсоли крахмал ва спирт сарф мегардад.
Картошка дар системаи киштгардони зироат ҳамчун зироати пешкиштшаванда хуб дониста мешавад, зеро баъди кишти он қабати болоии хок ковок гашта, алафҳои бегона хеле кам мешаванд. Картошка ҳамчун зироат асосан ба воситаи лӯндаҳо парвариш меёбад.
Дар дунё қариб 3 ҳазор намуди картошка парвариш карда мешавад. Дар Тоҷикистон 15 намуди картошка маъмул аст. Дар Тоҷикистон картошка дар минтақаи водии Рашт, ноҳияҳои вилояти Хатлон, минтақаи вилояти Суғд, водии Ҳисор ва минтақаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон парвариш карда мешавад, ки навъи беҳтарини он ба минтақаи Рашт рост меояд.
Ба тавсияи табибон, хусусияти хоси картошка он аст, ки миқдори зиёди витамини В6 дорад, дорои миқдори зиёди микроэлементҳо, аз қабили калий, мис, фосфор ва кислотаи никотин мебошад. Инчунин барои организм антиоксидант аст, зеро он дорои фитонутриент мебошад, ки пайвастагиҳои зарароварро тоза менамояд. Сафедаҳое, ки дар таркиби сабзавот мавҷуд ҳастанд, ба нест намудани радикалҳои озод мусоидат менамоянд, ба зебоӣ ва чандирии пӯст таъсир мерасонанд ва пиршавии бармаҳалро пешгирӣ мекунанд.
Захираи картошкаи тухмии соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои кишти соли 2027 218 ҳазору 812 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он 555 тонна репродуксияи якум, 3241 тонна репродуксияи дуюм, 89 014 тонна репродуксияи сеюм ва 126 002 тоннаро тухмии шартӣ ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки имрӯз кишоварзон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплому Сипоснома ва туҳфаҳо қадршиносӣ карда шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






