БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ-2020. Мутахассисони соҳаи омор системаи коркарди маълумотҳо ва таҳқиқотҳоро меомӯзанд

Июнь 19, 2019 08:35

ДУШАНБЕ, 19.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 дар Тоҷикистон, чун дар дигар кишварҳои ҷаҳон Барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил доир карда мешавад. Вобаста ба ин маъракаи муҳим бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст.

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо идораи минтақавии Хазинаи нуфуси Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА)  машғулияти  омӯзишии 10 -рӯзаро оид ба  истифодаи таҷҳизоти мобилӣ барои  ҷамъоварии маълумот бо дастрасии маҷмӯи барномаҳои CSPro дар платформаи Android  оғоз намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  аз Агентии мазкур хабар доданд, машғулияти мазкур  аз 17 то 27 июни соли равон  гузаронида мешавад. Ин машғулият дар доираи омодагии давлатҳои Аврупои шарқию Осиёи Миёна ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ  дар солҳои 2019-2022 ба нақша гирифта шудааст. Ба он  дар баробари 10 нафар кормандони мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мутахассисони мақомоти омори ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Ӯзбекистон даъват шудаанд.

Бино ба иттилои манбаъ, CSPro (Census Processing Sistem – системаи коркарди маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва таҳқиқотҳо) – ин маҷмӯи барномаҳои истифодаи умум барои воридкунии маълумот, коркард, тайёр кардани ҷадвалҳои бароришӣ,  дастрас намудани маълумоти барӯйхатгирӣ ва таҳқиқотҳо  мебошад. Мақомоти омори миллӣ аз истифодаи таҷҳизоти мобилӣ барои ҷамъоварии маълумот натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда, дастовардҳои дигар давлатҳои пешрафтаро оид ба ҷамъоварии маълумотҳои барӯйхатгириҳо ва таҳқиқотҳо меомӯзанд.

Бояд гуфт, ки  машғулият  бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфузи Созмони Миллали Муттаҳид ва кумаки техникии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Мутахассисони дар  омӯзиш  иштирокдошта  дониши гирифтаи худро дар корҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии навбатӣ ва таҳқиқотҳои дар давлати худ гузаронидашаванда, бо истифодаи таҷҳизоти мобилӣ истифода менамоянд. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми  машғулият  ба ҳар як иштирокчии он сертификат дар бораи гузаштан аз курси омӯзишӣ тақдим карда мешавад.

Июнь 19, 2019 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд