Боғдорони ноҳияи Ашт ба хориҷи Тоҷикистон 2 ҳазору 119 тонна зардолу ва 23 тонна гелос содирот намуданд
ДУШАНБЕ, 15.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳаи аввали моҳи июни соли равон аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд 2 ҳазору 142 тонна меваи тару тоза ва аз ҷиҳати экологӣ хушсифат ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуотии раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор меваи содиротшуда, 2 ҳазору 119 тонна зардолу ва 23 тоннааш гелос мебошад.
«Меваҳои хушсифат асосан ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мешаванд», — афзуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки ба ҳолати якуми июни соли гузашта содироти боғдорони ноҳия ба хориҷи мамлакат ба 1 ҳазору 283 тонна мерасид. Ҷоизи зикр аст, ки ин рақам дар соли равон наздики як маротиба афзудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия Ашт «Барномаи рушди соҳаи боғдорӣ барои солҳои 2016 – 2020» татбиқ гардида, дар асоси он зиёда аз 1000 гектар боғҳои нави замонавӣ бунёд гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургия доир мегардад
Парчам ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дорад
Дар Суди Олии иқтисодӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Рақамикунонии низоми андоз – имконияти нав барои андозсупорандагон
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тавассути имзои рақамӣ шаҳрвандон шахсияти худро фосилавӣ тасдиқ ва ҳуҷҷатҳоро ба таври электронӣ имзо менамоянд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Татбиқи технологияҳои муосир дар фаъолияти мақомоти гумруки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Рим Нақшаи стратегии кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ барои Тоҷикистон қабул гардид
«Shohin Airlines» парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе — Хоруғ — Душанбе оғоз намуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд






