Дар Душанбе аввалин мусобиқаи кушод оид ба волейбол байни бонувон барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» оғоз гардид

Июнь 20, 2019 11:00

ДУШАНБЕ, 20.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба   22-умин  солгарди  Рӯзи Ваҳдати миллӣ   дар  шаҳри Душанбе аввалин мусобиқаи кушод  оид ба волейбол  байни бонувон    барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» оғоз гардид. Мусобиқаи мазкур  19 июн оғоз гардида, то  26 июн  идома меёбад.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар медиҳад,   дар кушодашавии мусобиқаи мазкур муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ризо  Назарзода   иштирок доштанд.

Дар мусобиқаи мазкур 11 дастаи волейболбозон, аз ҷумла  4  даста  аз шаҳри Душанбе,  2 дастаӣ  аз вилоятҳои  Суғд, Хатлон ва  ВМБК,  1 даста аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ  иштирок ва байни ҳам рақобат  мекунанд.

Хотирасон  менамоем, ки  ин  мусобиқа  бо  ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва   Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади ба варзиш ҷалб намудани занону духтарон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим  дар пойтахт роҳандозӣ гардид.

Июнь 20, 2019 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад