Дар Хоруғ 4 тонна намаки бе йод мусодира гардид

Июнь 4, 2019 11:50

ХОРУҒ, 04.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати стандартизатсия метралогия, сертификатсия ва нозироти савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар ду моҳи соли равон аз мағозаву дӯконҳои шаҳри Хоруғ беш аз 4 тонна намаки пастсифату бе йодро мусодира намуда, фурӯшандагони чунин маҳсулотро ба муҷозоти  маъмурӣ кашиданд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар»  Файз Мирасан мудири шуъбаи  раёсати мазкур Озодбахт Мародасейнов  иттилоъ дод,  бо мақсади минбаъд роҳ наёфтани намаки бе йод ба мағозаву дӯконҳои вилоят  дар марҳилаи аввал ба 500 нафар  фурӯшандагон индикаторҳо, ки меъёри йодро дар намак муайян мекунанд, ройгон тақдим карданд.

Ба иттилои манбаъ, дар се моҳи оянда тамоми фурӯшгоҳҳои ҳудуди вилоят бо чунин индикаторҳо таъмин хоҳанд шуд. Ҳамчунин аз харидорон хоҳиш карда шуд, ки агар дар рӯи  бастаҳо навишатҷоти «Намаки коркардшуда ва йоддори ошӣ» сабт нагардида бошад, аз хариди он худдорӣ намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки истеъмоли намаки бе йод боиси пайдоиши бемории ҷоғар мегардад. Барои пешгирии мубталошавӣ ба ин гуна беморӣ соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул гардида буд. Пеш аз ин, «Барномаи миллии мубориза бо бемории камёдӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 1997-2001» дар амал татбиқ  гардид. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки сатҳи бемории ҷоғар дар вилоят коҳиш ёбад.

Муовини сардори  Раёсати тандурустии вилоят Нуралӣ Додалиев изҳор дошт, ки назар ба чанд соли пеш теъдоди мубталоёни бемории ҷоғар ду маротиба коҳиш ёфтааст ва алъон ба ин беморӣ 10 ҳазор нафар гирифторанд.

Мутахассисони соҳаи тиб зимни баргузории мулоқоту суҳбатҳо ва давраҳои омӯзишӣ оид ба оқибатҳои манфии норасоии йод дар бадани инсон маълумот дода, аз сокинони шаҳру деҳот даъват мекунанд, ки ҳангоми хариди намак ба сифат, муҳлату макони истеҳсоли он аҳамият диҳанд. Дар сурати пайдо гардидани кӯчактарин шубҳа ба Раёсати стандартизатсия, метралогия, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят муроҷиат кунанд.

Июнь 4, 2019 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
4 август дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад