Дар Хоруғ 4 тонна намаки бе йод мусодира гардид
ХОРУҒ, 04.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати стандартизатсия метралогия, сертификатсия ва нозироти савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон танҳо дар ду моҳи соли равон аз мағозаву дӯконҳои шаҳри Хоруғ беш аз 4 тонна намаки пастсифату бе йодро мусодира намуда, фурӯшандагони чунин маҳсулотро ба муҷозоти маъмурӣ кашиданд.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» Файз Мирасан мудири шуъбаи раёсати мазкур Озодбахт Мародасейнов иттилоъ дод, бо мақсади минбаъд роҳ наёфтани намаки бе йод ба мағозаву дӯконҳои вилоят дар марҳилаи аввал ба 500 нафар фурӯшандагон индикаторҳо, ки меъёри йодро дар намак муайян мекунанд, ройгон тақдим карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар се моҳи оянда тамоми фурӯшгоҳҳои ҳудуди вилоят бо чунин индикаторҳо таъмин хоҳанд шуд. Ҳамчунин аз харидорон хоҳиш карда шуд, ки агар дар рӯи бастаҳо навишатҷоти «Намаки коркардшуда ва йоддори ошӣ» сабт нагардида бошад, аз хариди он худдорӣ намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки истеъмоли намаки бе йод боиси пайдоиши бемории ҷоғар мегардад. Барои пешгирии мубталошавӣ ба ин гуна беморӣ соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» қабул гардида буд. Пеш аз ин, «Барномаи миллии мубориза бо бемории камёдӣ дар ҷумҳурӣ барои солҳои 1997-2001» дар амал татбиқ гардид. Ин тадбирҳо имконият доданд, ки сатҳи бемории ҷоғар дар вилоят коҳиш ёбад.
Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Нуралӣ Додалиев изҳор дошт, ки назар ба чанд соли пеш теъдоди мубталоёни бемории ҷоғар ду маротиба коҳиш ёфтааст ва алъон ба ин беморӣ 10 ҳазор нафар гирифторанд.
Мутахассисони соҳаи тиб зимни баргузории мулоқоту суҳбатҳо ва давраҳои омӯзишӣ оид ба оқибатҳои манфии норасоии йод дар бадани инсон маълумот дода, аз сокинони шаҳру деҳот даъват мекунанд, ки ҳангоми хариди намак ба сифат, муҳлату макони истеҳсоли он аҳамият диҳанд. Дар сурати пайдо гардидани кӯчактарин шубҳа ба Раёсати стандартизатсия, метралогия, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят муроҷиат кунанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






