Дар Хуҷанд дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ баргузор мешавад

Июнь 19, 2019 08:41

ДУШАНБЕ, 19.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ  аз 21 то 25 июни соли равон  дар ҳавзи шиноварии Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дуюмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ  баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур  иштироки беш аз 90 нафар шиновар, аз ҷумла 67 варзишгар аз 7 давлат – Тоҷикистон, Россия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон дар назар аст.

Дар ин бора аз Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон хабар  доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур бо ташаббуси  Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд   баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд  рӯз қабл дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо иштироки зиёда аз 60 нафар варзишгар Чемпионати Тоҷикистон оид ба шиноварӣ доир гардид. Дар натиҷаи  мусобиқа аз намуди тарзи озод дар масофаи 50 метр ҷойи 1-ум насиби Олим Ишанов гардид. Ҷойи 2-юмро  Алиҷон Хайруллоев ишғол намуда, ҷойи 3-юм насиби  Фахриддин Мадкамов варзишгарони шаҳри Душанбе гардид.

Аз намуди тарзи озод байни бонувон дар масофаи 50 метр ҷойи аввал насиби Анастасия Тюрина, ҷойи 2-юм насиби Карина Климик гардида, ҷойи 3-юмро Бардачёва Екатерина соҳиб шуд.

Ҳамчунин Фахриддин Мадкамов варзишгари Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 4 оид ба шиноварӣ»-и шаҳри Душанбе рекорди навро дар таърихи Тоҷикистон дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо натиҷаи наздик ба 27 сония  гузошт.

Бояд зикр кард, ки иштирокчиёни чемпионат варзишгароне буданд, ки дар марҳилаи аввал ва дуюм  дар сатҳи шаҳрӣ ва вилоятӣ ғолибият ба даст оварда,  ба даври ниҳоии он  роҳхат пайдо намуда буданд. Аз ҷумла, дар ин мусобиқа  аз шаҳри Душанбе 3 даста, аз  шаҳри Хуҷанд 1 даста ва аз  минтақаи Кӯлоб 1 дастаӣ иштирок намуданд.

Дар охир ғолибони Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ бо Диплом, медал ва Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Июнь 19, 2019 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд