Дар Теҳрон доир ба Панҷумин иҷлоси сарони давлатҳои аъзои МҲТБО нишасти хабарӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон доир ба Панҷумин иҷлоси сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки 15 июни 2019 дар Душанбе баргузор мешавад, бо иштироки намоянгдагони ВАО-и маҳаллӣ нишасти хабарӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар нишаст намояндагони васоити ахбори оммаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили «Ирно», «Исно», «Илно», сайтҳои хабарии «Офтоби Корун», «Моҳон-нюс», «Садо ва симо», «Субҳи миллат», «Эрон-нюс», «Ово-дипломотик» ва «Осиё» иштирок намуданд.
Дар оғози нишаст Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ ба хабарнигорони кишвари иқомат доир ба таърихи таъсиси Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки ҳадафи таҳкими ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини сулҳ, амният ва субот дар Осиёро пайгирӣ мекунад, маълумоти мухтасар ироа намуд ва таваҷҷуҳи ҳозиринро ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмон дар солҳои 2018-2020 ҷалб намуд.
Дар ин росто ҳадафу барномаҳои давраи раёсати Тоҷикистон дар созмон, ки ба таҳкими зарфиятҳои МҲТБО дар татбиқи тадбирҳои эътимодсозӣ дар абъоди панҷгонаи фаъолияти ин созмон нигаронида шудаанд, таъкид гардиданд.
Дар нишасти хабарӣ зикр шуд, ки Тоҷикистон ба ҳайси раиси кунунии МҲТБО талош хоҳад кард, то ҳамкории кишварҳои узви ин созмон ба хотири таъмини сулҳу субот ва рушду тавсеаи пойдор дар минтақа истеҳкоми беш аз пеш пайдо кунад.
Дар ин робита аҳаммияти баргузории Иҷлоси панҷуми сарони давлатҳои аъзои МҲТБО дар Душанбе ва нақши он дар тақвияти ҳамкории густурда миёни давлатҳои аъзо таъкид карда шуд.
Изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мизбони Панҷумин иҷлоси МҲТБО эътимоди комил дорад, ки ҳамоиши мазкур саҳнаи муҳим ва мусоид барои баррасии мушкилоти мавҷуда дар қаламрави Машварат ва эҷоди роҳҳои ҳал барои онҳо хоҳад буд ва дар табдили Осиё ба қитъае, ки дар он амну субот ва рушду тавсеа пойдор бошад, нақше хоҳад гузошт.
Дар фарҷоми нишасти хабарӣ аз ҷониби Сафири Тоҷикистон ба пурсишҳои намояндагони васоити ахбори оммаи кишвари иқомат ҷавобҳои мушаххас дода шуд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






