Диловар Пирназарзода, муовини якуми директори агентии «Тоҷикстандарт»: «Сулҳи тоҷикон нишонаи хиради азалии миллати тоҷик аст»

Июнь 27, 2019 09:01

ДУШАНБЕ, 27.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар як рӯзи умри даргузар моро ба саҳифаҳои таърих пайваста, дар хотираҳо нақш бастани онро заминагузорӣ менамояд. Вобаста ба ин, ҳар як саҳифаи таърих гарчанде моро аз он рӯзҳои мудҳиши миллати тоҷик дур мегардонад, лекин он лаҳзаҳои тобони таърихро, ки сулҳу субот, самои софу беғуборо дар фазои Ватани азизу маҳбуб — Тоҷикистон асос гузошт, торафт равшантар мегардонад. Ин лаҳзаҳо ба ҳастӣ ҳуқуқ дошта, ба насли имрӯзу оянда намунаи ибрат мебошанд. Зеро ин лаҳзаҳо арзиши гарон дошта, бо ҷони садҳо нафар шахсони ватандӯст, ки самои беғубори Ватан, садои хандаи беғаши кӯдакон ва чеҳраи мондагори модаронро аз ҷони худ боло гузошта, синаи худро сипари боэътимоди Ватан карданд, ба даст омадааст.

Бо баҳманҳои соли 1992 равандҳои сиёсӣ, ки дар тангкӯчаи сарбаста қарор доштанд, мувоҷеҳи умқи бетаг гаштанд. Нурҳои зулмот ҳайбати ин умқро дучанд гардонида, тулӯи нурҳои шафақро пахш карда буданд. Ягонагии миллати куҳанбунёди тоҷик ва мавҷудияти давлати Сомониёни сонӣ зери савол қарор гирифтанд. Оид ба якпорчагии ин сарзамини аҷдодӣ шубҳаҳо боло гирифтанд. Таърих чун довари вақт ғалат будани ин шубҳаҳоро собит кард. Иродаву матонати миллати тоҷик бори дигар аз хиради азалии он дарак дод.

Бо баргузор гардидани Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳи ягонаи баромадан аз вазъи ба миён омада ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хиштҳои аввалини сулҳи тоҷикон гузошта шуд. Ба хотири ба эътидол овардани вазъи сиёсии давлативу ҷамъиятӣ, коҳиш додани шиддат, ҳафтоду чор санади ҳуқуқӣ: понздаҳ қонун, панҷоҳу ду қарор, шаш фармон ва як изҳорот қабул карда шуд. Санадҳои қабулгардида хислати дурнамо дошта, барои ояндаи наздик пешбинӣ нашуда буданд. Онҳо баробари паст кардани шиддати вазъ, ҷузъҳои нахустини низоми ҳуқуқии миллиро рӯи кор оварда, унсурҳои аввалини давлатдории миллиро таҳким бахшиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо то давраи 27 июни соли 1997 ба шаҳрвандони кишвар ба тарафҳои музокироти сулҳи тоҷикон зиёдтар аз ҳаштод маротиба бо муроҷиатнома, суханрониҳои расмӣ, мусоҳиба, табрикот муроҷиат намуда, танҳо сулҳ, субот, ваҳдат ва дӯстиву ягонагиро талқин карданд.

Баргузории иҷлосияи таърихии тақдирсоз танҳо оғози заҳматҳо буд. Халқи тоҷикро зарур омад таҳти сарварӣ ва сиёсати дурбинонаи фарзанди барӯмандаш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезагонро аз мулки бегона ба Ватани азизу маҳбуб баргардонад. Артиши миллиро таъсис дода, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро дубора барқарор намояд. Дар шароити вазнин бе ягон пояҳои моддӣ ва техникии кофӣ Артиши миллӣ таъсис ёфта, мақомоти амният ва корҳои дохилӣ аз нав ба фаъолият оғоз карданд. Гурӯҳҳои махсуси бо ин мақсад таъсис додашуда барои ба Ватан баргардонидани гурезагон ва пешбурди корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Фаъолияти пурсамари ин гурӯҳ имконият дод, ки аз давраи соли 1993 то соли 2000 аз кишварҳои ИДМ, Афғонистон ва ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон дар маҷмӯъ 950 599 нафар шаҳрвандон, ки манзили худро бинобар сабаби вазъи ноороми сиёсӣ тарк карда буданд, баргардонида шаванд.

Иҷлосияи таърихӣ бо мақсади хотима додан ба ҷанги бародаркуш, пешгирии фоҷиаи миллӣ ва харобшавии асосҳои иқтисодию ҷамъиятӣ ва сиёсии давлат, таҳкими сулҳу салоҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои гуногун, ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти мӯътадили ниҳодҳои давлатӣ, ҷиҳати ба амал баровардани арзишҳои инсондӯстӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карданд»-ро қабул кард. Қабули қонун қадаме ба сӯи баҳори сулҳу субот буд. 5 апрели соли 1994 марҳилаҳои аввалини музокироти сулҳи тоҷикон оғоз гардид, ки то 27 июни соли 1997 дар мамлакатҳои гуногун, ба монанди Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон идома ёфт.

10-11 декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳи вилояти Толиқони Афғонистон дар шароите, ки касе чизеро кафолат дода наметавонист, баргузор гардидани мулоқоте, ки дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон гардиши куллӣ ва калидиро ба вуҷуд овард, аз он шаҳодат дод, ки миллати тоҷик дар симои сарвараш матонати шикастнопазир дошта, аз роҳе, ки интихоб кардааст ва дар он калиди наҷоти миллат нуҳуфтааст ҳаргиз нахоҳад бозгашт. Ин иродаву матонатро саҳифаҳои таърих на як бору ду бор собит кардааст.

Саҳифаҳои зиёдтар аз се солу ду моҳи таърих нӯҳ давраи музокирот ва шаш мулоқоти саронро дар хотир дорад, ки ин чил санади барои миллати тоҷик муҳимро, ки лаҳза ба лаҳза фатҳи қуллаи муродро наздик мекарданд, рӯи кор овард. 27 июни соли 1997 субҳи сулҳи тоҷикон ва хиради азалӣ танинандоз гардида, аз муждаи нек — ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ин таҷрибае буд беназир, ки мислашро таърих дар хотир надорад.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бори дигар собит кард, ки миллати тоҷик соҳиби фарҳанги баланди сулҳофарӣ буда, боре ба касе ё мулке бо чашми душманӣ назар наафкандааст. Оғӯши дӯстии ин миллат ба ҳамаи касоне, ки қасди ободӣ дошта, ҷидду ҷаҳдро аз барои ободии мамлакат, минтақа ва ҷаҳон фоли нек мешуморанд, ҳама вақт боз аст. Бо қувваҳои аҳриманӣ созгор набуда, бо рафтори нек, пиндори нек ва гуфтори нек оштинопазирии худро ба чунин қувваҳо собит менамояд.

Барои устувор кардани дастовардҳои музокироти сулҳи тоҷикон, 4 июли соли 1997 бо баробарии намояндагони тарафҳо — сенздаҳ нафар аз ҳарду ҷониб, дар маҷмӯъ бисту шаш нафар Комиссияи оштии миллӣ бо чор зеркомиссия — оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, муҳоҷирон ва низомӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин Комиссия як қатор ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқиро дар низоми идоракунии давлатӣ роҳандозӣ намуда, ташаккули Парламенти касбиро асос гузошта, моҳи марти соли 2000 ба фаъолияти худ интиҳо гузошт. Дар ин замина наметавонем аз қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997 «Дар бораи авфи иштироккунандагони муқовимати сиёсӣ ва низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар нагардем, ки пойдории сулҳи тоҷиконро кафолат дод.

Конститутсия ҷиҳати барқарор ва устувор гардонидани иқтисодиёти миллӣ, иқтисодиёти бозоргониро муқаррар намуда, баробарии ҳамагуна шакли моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, озодии фаъолияти соҳибкориро кафолат дод. Дар ин замина, барномаи аввалини иқтисодӣ — Барномаи ислоҳои иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000 рӯи кор омада, минбаъда як қатор қонунҳои иқтисодӣ, аз ҷумла «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил», «Дар бораи танзим ва назорати асъор», «Дар бораи консенссияҳо», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ» қабул гардиданд.

Қабулшавии қонунҳои мазкур имконият доданд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ки соли 1997 ба 69,9 фисад баробар гардида, 33,1 фисади соли 1990-ро ташкил дод, батадриҷ боло рафта, рушди иқтисодиёти миллӣ таъмин карда шавад.

Дар робита ба гомҳои устувори иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист на танҳо пешрафти худро таъмин намояд, балки таъсири манфии буҳрони молиявии ҷаҳониро нисбат ба иқтисодиёти миллӣ дар доираи имконияти мавҷуда пешгирӣ карда, ҳам рушди иқтисодӣ ва ҳам суботи иҷтимоиро замина гузошт. Дар ин раванд музаффариятҳои суботи макроиқтисодӣ низ насиби миллат гардид. Далел он аст, ки сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 81 фисади соли 1999 то ба 30,6 фисади соли 2016 коҳиш ёфта, дарозумрии аҳолӣ аз 63,4 солагии соли 2000 то ба 75 солагии соли 2018 боло рафт. Чунин нишондиҳандаҳо ҳанӯз интиҳои кор набуда, дар назар дошта шудааст, ки ояндаи наздик, то соли 2020 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то ба 7 фисади солона расонида шуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ бошад то ба 20 фисад коҳиш дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як мулоқоту суҳбатҳои ошкоро ва самимона бо истиқоматкунандагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таъкид менамоянд, ки пешрафту тараққиёт ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, боз ҳам беҳтару хубтар гардидани сатҳ ва сифати зисту зиндагонии аҳолӣ аз меҳнати софдилона вобаста аст. Бо назардошт ин, густариши пайвастаи худшиносӣ, меҳанпарастӣ ва ифтихормандӣ аз ин сарзамину ин миллат тақозо менамояд, ки гирдиҳам омада, устувории ин ваҳдату ин ягонагиро заминагузорӣ намуда, ободии Ватани аҷдодиро созгор бошем ва ин бояд яке аз самтҳои афзалиятноки таълим ва тарбияи ҷавонон чун қувва ва меҳвари асосии созанда ва пешбаранда бошад.

Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳанӯз бисту ду сол муқаддам ба имзо расида буд, нишондиҳандаи хиради азалии миллати тоҷик буда, собит ба он менамояд, ки ин миллат дар ҳама давру замон фарҳанги баланди сулҳофариниро насиби худ гардонида, ободиву суботи кишвари аҷдодиро, ки гузаштагон барояш амонат гузошта буданд, чун гавҳараки чашм нигаҳбон гардида, баҳри ҳифзаш омода аст ҷон ба каф гирад ва синаи худро сипар ба он гардонад.


Диловар ПИРНАЗАРЗОДА,
муовини якуми Директори Агентии
стандартизатсия, метрология ва нозироти
савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 27, 2019 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»