Дилшод Назаров дар мусобиқоти гуногуни сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад
ДУШАНБЕ, 21.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров машқҳои дастаҷамъонаи тамринии худро аз 24 июн то 10 июли соли 2019 дар шаҳри Амблонести Ҷумҳурии Чехия мегузаронад. Д.Назаров ҳамзамон дар ин давра дар мусобиқоти гуногуни сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзад.
Аз ҷумла, аз 6 то 7 июли соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон дар мусобиқоти варзишӣ оид ба дарёфти Ҷоми Г.Касанов, аз 13 то 14 июл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мусобиқаи байналмилалии барои дарёфти Ҷоми Т.Колпокова ва аз 2 то 4 августи соли равон дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Ӯзбекистон иштирок менамояд.
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳамчунин иштироки Д.Назаров дар Унверсиадаи ҷаҳонӣ, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Неаполи Италия баргузор мегардад, дар назар дошта шудааст.
Д.Назаров инчунин дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки аз 26 сентябр то 2 октябри соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
Мавриди зикр аст, ки аз натиҷаҳои то ба имрӯз ба дастовардаи Дилшод Назаров метавон хулоса кард, ки ин варзишгари шинохта имкон дорад роҳахати олипиро барои иштирок дар Бозиҳои тобистонаи олипии – 2020 дар Токио ба даст орад.








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






