ФУТБОЛ: Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Афғонистон мусовӣ анҷом ёфт

Июнь 8, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 08.06.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз бозии дӯстона ва таҷрибавӣ миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Афғонистон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳисоб дар дақиқаи 72-юм аз ҷониби Умрон Ҳайдарӣ кушода шуд. Ӯ бо усули зебои пушти пой тӯбро вориди дарвоза кард. Голи ҷавобиро ҳамлагари ҷавони дастаи мунтахаби  мамлакат Шаҳром Самиев дар дақиқаи 88-ум ба самар расонид.

Аввалин маротиба ба футболбозони дастаи мунтахаби Афғонистон муяссар шуд, ки баъди шаш бохт бо дастаи мунтахааби Тоҷикистон баробар бозӣ кунанд ва ба натиҷаи мусовӣ расанд.

Бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва  Афғонистон оғози  давраи омодагӣ ба марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба ҳисоб меравад.

 

Бозии дӯстона

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:1

Голҳо: Умрон Ҳайдарӣ, 72 (0:1). Шаҳром Самиев, 88 (1:1).

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Хуршед Бекназаров (Табрези Давлатмир, 72), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Мухаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (Шарафҷон Солеҳов, 46), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Шериддин Бобоев, 85), Ҷаҳонгир Эргашев (Шаҳром Самиев, 56).

Афғонистон: Файсал Ҳамиди, Ҳорун Амирӣ, Давид Наҷим, Адам Наҷим, Нур Ҳусен (Наим Раҳимӣ, 84), Умрон Ҳайдарӣ (Зулфи Назарӣ, 75), Фаршод Нур, Наҷим Ҳайдарӣ, Файсал Шоиста (Бенжамин Наҷим, 88), Фарид Содот (Ҷабор Шарза, 46), Шариф Муҳаммад.

огоҳӣ: Файсал Шоиста (Афғонистон).

Довар дар майдон: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).

7 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 13 500 тамошобин.

Июнь 8, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад