ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Санкт-Петербург ҷойи 11-умро ишғол кард
ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон оид ба футбол 13 июни соли равон дар бозии охирини худ бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд.
Шогирдони Зайниддин Раҳимов бо ин ғалаба дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин, ки дар шаҳри Санкт- Петурбурги Федератсяи Россия баргузор гардид, ҷои 11-умро ишғол карданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, голи ягонаро дар бозии мазкур (дақиқаи 39) дидор Озодбек Панҷиев ба ҳадаф расонид.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур, ки як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб мешавад, дар умум 5 бозӣ анҷом дод.
Дар даври гурӯҳӣ бо дастаҳои мунтахаби Юнон (4:4), Қирғизистон (1:1) мусовӣ бозӣ карда, аз дастаи мунтахаби Туркия (0:5) мағлуб шуд. Сипас дар бозӣ барои ҷойҳои 9-12 аз дастаи мунтахаби Арманистон (0:3) шикаст хурда, дар бозӣ барои ҷои 11-ум бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон (1:0) пирӯз шуд.
Бояд зикр кард, ки дар бозӣ барои ҷои 9-ум дастаи мунтахаби Арманистон тими мунтахаби Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Хотиррасон мешавем, ки 13 июн дастаҳои мунтахаби Молдова бо Булғория барои ҷои ҳафтум, Эрон бо Юнон барои ҷои панҷум бозӣ карданд.
Имрӯз, 14 июн футболбозони дастаҳои Россия-2 бо Туркия барои ҷои сеюм ва дастаҳои мунтахаби Россия бо Аргентина дар финал бо ҳам вомехӯранд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






